
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 30 майи соли 2024 хабар дод, ки роҳбарони марказҳои дилхушии “Рауфӣ” ва “Лион” барои вайрон кардани тартиботи шабона 5-шабонарӯзӣ ҳабс карда шуданд.
Милитсияи Хатлон гуфт, риояи одоби шаҳрдорӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ, вайрон накардани тартиби реҷаи корӣ ва халалдор насохтани оромии шаҳрвандон аз муҳимтарин талабот ва ӯҳдадориҳоест, ки аз ҳар як соҳибкор зимни пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ, махсусан дар қисмати шабона тақозо карда мешавад. Вале мутаассифона ҳамоно ҳастанд баъзе аз роҳбарону кормандони марказҳои хизматрасонӣ, ки дидаю дониста муқаррароти мазкурро вайрон намуда, боиси вайрон гардидани тартиботи ҷорӣ дар вақти шабона мегарданд.
Чунончӣ, шаби 28-уми майи соли ҷорӣ, соати 23.30 зимни баргузории як чорабинии мақсаднок муайян карда шуд, ки масъулони марказҳои дилхушии «Рауфӣ» ва “Лион”-и шаҳри Бохтар тартиботи реҷаи кориро дар вақти шабона вайрон намуда, оддитарин талаботи қонунгузориро риоя намекунанд. Бар замми ин, масъулини марказҳои дилхушии болозикргардида ба ҷои ислоҳи камбудиҳо новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони милитсия ҷиҳати риояи талаботи шаҳрдорӣ ва иҷрои реҷаи корӣ фаъолияти хизматрасониро берун аз реҷаи муқарраргардида идома додаанд.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрвандон:
Бобоалиев Фирдавс Ҳазратқулович, санаи таваллудаш 01.07.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ваҳдат, раиси маркази дилхушии «Рауфӣ»;
Алимов Абдулвоҳид Абдусодирович, санаи таваллудаш 29.09.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи А.Расулов, маъмури маркази дилхушии “Лион” протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳи шаҳри Бохтар ирсол карда шуд.
Санаи 29 майи соли ҷорӣ додгоҳи Бохтар дар навбати худ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти марказҳои дилхушӣ аз рӯи талаботи қонунгузорӣ нисбати ҳар кадоми онҳо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намуд.
Моҳи марти соли ҷорӣ низ милитсияи Хатлон аз 5-шабонарӯзӣ ҳабс шудани Муминов Ҷовид ва Давлатов Шарифҷон, роҳбарони марказҳои дилхушии “РМС” ва “Ориён” дар шаҳри Бохтар барои вайрон кардани тартиботи шабона хабар дода буд. Гуфта мешуд, кормандони милитсия ба дари ҳарду маркази дилхушӣ муҳр зада, фаъолияти онҳроо қатъ кардаанд, вале роҳбарони ин ду марказ фардояш муҳри мақомотро канда, ба фаъолияти худ боз давом доданӣ шудаанд.
Ҳабси раҳбарони марказҳои дилхушӣ дар Хатлон дар ҳолест, ки аз сокинони Бохтар ва навоҳии атрофи он, аз ҷумла Вахшу Кӯшониён, солҳои охир дар бораи афзоиши беш аз ҳадди шумораи клубҳои шабона ва бо мусиқии гӯшхарош ва доду фарёду муноқишаву занозаниҳои пайваста миёни муштариёнашон хобу истироҳат ва оромии шаҳрвандонро дағалона вайрон кардани ин марказҳои дилхушӣ шикоятҳои фаровон ба даст мерасид.