ВидеоМуҳоҷиронСиёсатҲуқуқи инсон

10 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК СОКИНИ РАШНАИ ПОЁН БАРОИ ЧАНД “ЛАЙК”

Бегмурод Холов, сокини 42-солаи деҳаи Рашнаи поёни ҷамоати Шинг дар канори шаҳри Панҷакентро, ки барои иштирок дар маросими дафни бародараш аз Русия омада буд, боздошт карда, бо ҷурми “лайк” гузоштан дар зери чанд матлаби “зидди ҳукумат” ба 10 соли зиндон маҳкум кардаанд.  Ҳукми Бегмурод Холов дар миёнаҳои моҳи май содир шудааст ва ӯро алакай барои адои ҳукмаш ба маҳбаси Хуҷанд интиқол додаанд. Дар ин бора рӯзи 30 майи соли 2024 Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, яке аз фаъолони мухолифин, ки ӯ ҳам зодаи Рашна буда, ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад, дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Панҷакент то кунун ин хабарро шарҳ надодаанд, вале Шоҳраҷаб Шоҳимӣ рӯзи 31 май дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки Бегмурод Холов, соли таваллудаш 1982, падари 3 фарзанд, солҳои зиёде дар Русия: аввалҳо дар Барнаул ва солҳои охир дар Санкт Петербург аз ҳисоби устоӣ рӯзгори хонаводаашро таъмин мекард.

Шоҳимӣ гуфт: “Имсол барои хонаводаи онҳо соли хеле вазнин омад. Якбора ду бародараш вафот карданд. Ӯ ба далели дар муҳоҷирати корӣ буданаш дар маросими дафни бародари аввалаш иштирок карда натавонист, вале тақрибан як ё ду моҳ пеш, вақте бародари дуюмаш ҳам даргузашт, баргашт, то дар маросими дафни ӯ иштирок кунад. Ягон 3 рӯзи баъди намози ҷаноза ва дафни бародараш ӯро дастгир карда, ба Панҷакент бурданд. Ва алакай миёнаҳои моҳи май ҳукмашро бароварданд: 10 соли зиндон! Барои як ё ду “лайк” дар зери матлабҳое, ки “зидди сиёсати Пешвои миллат” гуфта мешаванд!”

Бино ба иттилои Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, Бегмуродо Холов танҳо сокини Рашна нест, ки бо ҷурми “лайк” гузоштан дар зери матлабҳои оппозитсионӣ зиндонӣ мешаванд. Соли 2023 ду сокини дигари ин русто Аҳмадов Б. ва Иноятов С. низ бо чунин ҷурм маҳкум шуданд. Ҳамин тавр, афзуд Шоҳимӣ, боз ду зодаи Рашнаи поёнро ҳоло дар Русия бо иттиҳоми гӯё зери кадом матлаб ба тарафдорӣ аз фаластиниҳо “лайк” гузоштанашон дастгир кардаанд ва ба онҳо низ хатари ихроҷ ба Тоҷикистон ва инҷо зиндонӣ шудан таҳдид мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир даҳҳо нафарро бо иттиҳоми тамошои каналҳои оппозитсионӣ ва лайк гузоштан зери матлабҳои “зидди сиёсати ҳукумат ва Пешвои миллат” дастгир ва зиндонӣ кардаанд. Барои ин мақомот аз моддаи машҳури 307 ва иловаҳои он ба таври фаровон истифода мебаранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани сокинон барои тамошо ё лайк гузоштан дар зери матлабҳои интиқодӣ ба боди танқид мекашанд ва мегӯянд, инсон набояд барои ақидааш маҳкум шавад.

Рашнаи поён деҳаест дар кӯҳистони Зарафшон, ки беш аз 1500 сокин дошта, дар фосилаи тақрибан 50 километр аз шаҳри Панҷакент ва ягон 300 километр аз Душанбе ва Хуҷанд ҷойгир шудааст.  Сокинони Рашнаи поён қариб ҳама ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд. Вале солҳои охир, чун сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистон, мардони Рашнаи поён низ ҳар сол ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button