ВО-АҶАБ! МӮСАФЕД КОРГАРИ БАНКИ НОҲИЯИ АЙНИРО ФИРЕБ ДОДА, 200 СОМОНИРО ДУЗДИД

Рӯзи 27 майи соли 2024 як марди солхӯрдаи ришсафед, ки аз тарафи Хуҷанд ба тарафи Душанбе мерафт, вориди як бонк дар ноҳияи Айнӣ шуда, аз хазинадор хост, ки 200 сомониашро хурд карда бидиҳад. Дар сабти видеокамераи назоратӣ дида мешавад, ки мӯсафед 200 сомониро дар рӯи миз мегузорад, вале вақте ки хазинадор мехоҳад барои майда кардани пули ӯ аз хазина пул бигирад, мӯсафед 200 сомониро гашта мегирад. Мӯсафед баъди он ки хазинадор куҷо шудани 200 сомониро пурсид, чандин бор қасам хӯрда, коргари бонкро гунаҳкор мекунад, ки гӯё 200 сомониро ӯ гирифта бошад.
Дар натиҷа, мӯсафед ҳам 200 сомонии худро дар дасташ нигоҳ дошт ва ҳам аз коргари бонк 200 сомонии дигар гирифт.
Аммо маълум нест, ки оё то куҷо ин пул оши баданаш мешавад, чунки бонк ин пулро аз он коргари хазинааш, ки ба мӯсафед бовар карда, рӯяшро дигар тараф гардонд, талаб карда, мегирад.
Мутаассифона, дар ҷомиаи Тоҷикистон вақтҳои охир мавридҳои ҳамдигарро фиреб додани шаҳрвандон хеле зиёд шудааст. Ҷомиашиносон инро ба уфти башиддати меъёрҳои ахлоқӣ ва рӯҳониён ба дур шудани мардум аз арзишҳои мазҳабӣ рабт медиҳанд.