ВидеоМуҳоҷиронҶомеа

ҶАСАДИ ҚОРӢ АКБАР – ШАВҲАРИ “СНИКЕРСЧА”-РО ДАР РУСИЯ АЗ ҶАНГАЛ ЁФТАНД

“Матин Блог”, канале, ки бештар хабарҳои марбут ба шоу-бизнеси тоҷикро пайгирӣ мекунад, рӯзи 29 майи соли 2024 хабар дод, ки “баъди 2 моҳи кофтуков ҷасади беҷони ба қисмҳо ҷудо карда шудаи Қорӣ Акбарро аз яке аз ҷангалҳои наздикии шаҳри Маскав пайдо карда, ба морг бурдаанд. Рӯзи 26-уми май ӯро наздиконаш баъди чанд моҳи бедарак будан дар морг пайдо карданд. Ҳамагон ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳайси шавҳари “Сникерсча” мешинохтанд”.

“Матин Блог” меафзояд, ки ҳатто шинохтани ҷасад душвор буд. Бо ин ҳол, менависад муаллифи хабар, то ҳол муайян нашудааст, ки Қорӣ Акбарро кӣ, кай ва барои чӣ куштааст?

Бино ба иттилои ини канал, Қорӣ Акбар зодаи шаҳри Ваҳдат буда, тӯли чанд соли охир дар шаҳри Маскав кор ва фаъолият мекард, аммо 2 моҳ қабл ногаҳон ғайб зад ва аҳли хонаводааш аз ин хавотир гашта, дар ҷустуҷӯяш афтода буданд.

“Сникерсча” тахаллуси блогери ҷанҷолбарангези 20-солаи тоҷик Фотима Қурбонова буд, ки бо видеоҳои пур аз дашномаш ном бароварда буд ва ба ин далел, 10 шабонарӯз ҳабс ҳам шуд.

“Сникерсча” қаблан бо чеҳраи фотошопшуда зери ягон мусиқӣ мерақсид ваё бо ягон ибораи, ба қавли маъруф, “сексӣ”, вале дар асл бо дашномҳои қабеҳ барои худ ном сохта, кӯшиш мекард, ки бо ҳамин шева таваҷҷуҳи тамошобинонашро ба каналҳои худ ҷалб кунад. Вале як сол пеш ӯ якбора ҳама видеоҳои пурдашноми худро аз Интернет пок кард ва дар Инстаграм саҳифаи нав кушода, дар он танҳо видеоҳои ба истилоҳ “бамаънӣ” мегузошт. Дар ин видеоҳо “Сникерсча” ҳамеша бо ҳиҷоб ва баъзан ҳамроҳи ҷавони дӯстдоштааш зоҳир мешуд.

Гуфта мешуд, ки як ҷавони диндор ба “Сникерсча” изҳори муҳаббат кардааст, вале қабл аз издивоҷ шарташ гузоштааст, ки нашри видеоҳои бемаънияшро  бас мекунад ва рӯ ба дин меорад.

“Сникерсча” зоҳиран ин шартро пазируфт, чунки баъди пок кардани видеоҳои бемаънияш  дар тобистони соли 2023 ба он ҷавон издивоҷ кард. Ӯ дар саҳифааш дар Инстаграм навори тӯйи арӯсиашро ҳам нашр кард. Маросими ақди никоҳи “Сникерсча” ва ҷавони интихобкардааш рӯзи 30 июли соли 2023 баргузор шуд. Дар видеои нашркардаи худи блогер дида мешуд, ки ӯ либоси арӯсӣ (фата) бо риояи меъёрҳои мусалмонӣ, яъне бо ҳиҷоб пӯшидааст. Бисёриҳо ба домод барои ин кори савоб, яъне ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ин духтар офарин хонда буданд. “Дидед, ки агар марде  бихоҳад, ягон чиз пеши раҳашро намегирад”, – навишта буд корбари дигар бо ишора ба собиқаи “Сникерсча”, ки ҳамагӣ чанд моҳ қабл аз тӯяш барои паҳн намудани наворҳо бо хусусияти шаҳвонӣ ва истифодаи ибораҳои таҳқиромез ҳабс шуда буд.

Канали “Шоу ситораҳо” хабар дода буд, ки тӯйи “Сникерсча” дар Маскав баргузор шудааст ва дар он аз ситораҳои шинохта Шабнами Сурайё иштирок доштааст.

Худи арӯс дар бораи шахсияти домод маълумоте надодааст, вале “Шоу ситораҳо” хабар дод, ки ин ҷавони хушсимо хеле тақводор буда, маҳз ӯ баъди ба даст овардани  дили “Сникерсча” тавонистааст ӯро ба роҳи дуруст, аз ҷумла ба даст кашидани аз видеоҳои “бемаънӣ”, пӯшидани ҳиҷоб, хондани “Қуръон” ва хондани намоз моил кунад.

Милитсияи Душанбе рӯзи 25 ноябри соли 2022 хабар дода буд, ки блогер Қурбонова Фотима Амирхоновна, соли таваллудаш 22.05.2004, зода ва сокини шаҳри Бӯстонро барои дар Интернет паҳн намудани наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва истифодаи ибораҳои таҳқиромез ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кардаанд. Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, Фотима Қурбонова “бо мақсади зиёд кардани обуначиёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” даст ба чунин амали , ба ақидаи милитсия, “ғайриахлоқӣ” ва “ба урфу одати мардуми тоҷик тамоман бегона” задааст.

Худи Фотима Қурбонова, ки бо тахаллуси “Сникерсча” видео нашр мекард, рӯзи 25 ноябр дар пайи нашри хабари ҳабсаш танҳо ҳамин қадар навишт, ки “сабр меваи биҳишт аст, камтараки дигар монд, ҳамаашро мефаҳмед.” Ӯ шарҳи аз ин бештар надод, ки манзураш аз “камтараки дигар монд” чист?

Аммо тавре баъдан маълум шуд, издивоҷи “Сникерсча” бо Қорӣ Акбар ва пойбандиаш дар роҳи тақво дер напоид, чунки, бино ба хабарҳо, онҳо алакай чанд моҳ баъди издивоҷ аз ҳам ҷудо шуданд ва дар Интернет дигарбора видеоҳои дур аз ҳаёи “Сникерсча” пайдо шуданд. Вале ин бор дар платформаи “ТикТок”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button