ДУ СОЛ БОЗ ДАР ПАСИ ПАНҶАРА: ДАЪВАТИ 5 СОЗМОН БА ОЗОДИИ МАНУЧЕҲР ХОЛИҚНАЗАРОВ

Рӯзи 28 майи соли 2024 аз боздошти Манучеҳр Холиқназаров, раҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ва як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи инсон аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 сол гузашт. Холиқназаров аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукми ӯро ноодилона, беасос ва интиқом барои ҳимояташ аз ҳуқуқи инсон мешуморанд.
Дар солгарди дуюми пушти панҷара афтодани Манучеҳр Холиқназаров 5 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон – Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR), Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Бунёди Ҳелсинки барои ҳуқуқи башар (HFHR), Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия (Norwegian Helsinki Committee) ва Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа дар изҳороти муштарак нигаронии афзояндаи худро аз боз ҳам бадтар шудани вазъи саломатии Манучеҳр Холиқназаров дар маҳбас баён дошта, бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки ӯро билофосила ва бидуни қайду шарт озод кунанд.
Бриҷит Дюфур, раҳбари Мушорикати байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR) гуфт: “Манучеҳр танҳо бо як сабаб – фаъолияти хастагинопазираш ҷиҳати расондани кумак ба қурбониёни аз ҳама осебпазири нақзи ҳуқуқи инсон – дастгир ва зиндонӣ карда шудааст. Мо муборизаамонро ба зидди ин ҳукми ноодилона то замоне идома хоҳем дод, ки ӯ озод шуда, ба хона ба пеши аҳли хонаводааш баргардад”.
Манучеҳр Холиқназаров раҳбари Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, аз созмонҳои ангуштшумор дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, ки ба масоили ҳуқуқи инсон машғул буд.
Рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 қатли мармузи сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков баъди ҳамагӣ чанд соати боздошташ боиси мавҷи эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд. Баъди 4 рӯзи эътирозҳо мақомот розӣ шуданд, ки қатли Зиёбеков ва боз ду сокини дар ҷараёни эътирозҳо кушташударо ҳамроҳ бо намояндагони эътирозгарон тафтиш кунанд.
Барои ин ва назорати иҷрои дигар талабҳои эътирозгарон аз ҳисоби намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ як ниҳод бо номи “Комиссияи 44” таъсис дода шуд. Манучеҳр Холиқназаров низ ба узвияти “Комиссияи 44” интихоб шуд ва дар ин ниҳод узви гуруҳе буд, ки мебоист аз номи эътирозгарон дар таҳқиқи ҳаводиси ахир иштирок мекард. Ӯ ҳамчунин барои қурбониёни ҳаводиси Хоруғ адвокат пайдо мекард.
Вале моҳи майи соли 2022 мақомот мавҷи нави эътирозҳоро дар Хоруғ ва Рӯшони Бадахшонро бо истифода аз силоҳ ва нирӯҳои вижа (спетсназ) саркӯб карданд ва беш аз 30 нафар кушта ва беш аз 100 тан аз сокинон ва зодагони Бадахшон, аз ҷумла 13 узви “Комиссияи 44”, бо шумули Манучеҳр Холиқназаров, ба ҳабс кашонда шуданд.
Мурофиаи парвандаи Холиқназаров дар СИЗОи Кумитаи амният дар Душанбе пушти дарҳои баста гузашт ва бо вуҷуди даъватҳои батакрори созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон, Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 декабри соли 2022 Манучеҳр Холиқназаровро бо ҷурмҳое, чун “узвият дар созмони ҷиноятӣ” ва “даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти давлатӣ” ба 16 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Худи ӯ ин иттиҳомро комилан рад карда, худро бегуноҳ мешуморад.
Баъди қувваи қонунӣ гирифтани ҳукмаш Холиқназаровро аз СИЗО ба маҳбаси ЯС 3/7, воқеъ дар кӯчаи Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе (маъруф ба маҳбаси 7-ум колонна) интиқол доданд. Дар изҳороти 5 созмони ҳомии ҳуқуқ гуфта мешавад, ки вазъи саломатии Холиқнзаров дар маҳбас бадтар шуд ва ӯ аз ҷумла аз дарди тахтапушт азият мекашад.
“Мақомот бояд то замони дар пушти панҷара қарор доштанаш ба ӯ дастрасӣ ба кумаки тиббии муносиб ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалиро таъмин кунанд”, – талаб доранд ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти Душанбе.
Ба ғайр аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳомиёни ҳуқуқ ва дигар коршиносони масоили ҳуқуқи инсон низ чандин бор аз ҳукми Манучеҳр Холиқназаров изҳори нигаронӣ карда, талаби озодии ӯро ба миён гузоштаанд. “Мақомоти Тоҷикистон бояд ба ин даъватҳо гӯш дода, ӯро билофосила озод кунанд ва имкон бидиҳанд, ки бо хонаводаи худ бипайвандад”, – таъкид шудааст дар изҳороти 5 созмон.
Мақомоти Тоҷикистон ба изҳороти муштараки ин 5 созмон бо талаби озодии билофосилаи Манучеҳр Холиқназаров ҳанӯз вокуниш накардаанд. Вале қаблан Душанбе чунин даъватҳо бо талаби раҳоии афродеро, ки дар пайи саркӯби эътирозҳои Бадахшон дастгир ва маҳкум ба зиндон шуданд, сарфи назар мекард.
Ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд, ки аксари помириҳои дар пайи саркӯби эътирозҳо маҳкумшуда бо иттиҳомоти сохтаю бофта ва дар додгоҳҳои ноодилона маҳкум гардидаанд. Мақомот исрор меварзанд, ки эътирозгарон дар Бадахшон якҷо бо гуруҳҳои муташаккилонаи фаъол дар ин вилоят ва бо дастури “хоҷагони хориҷӣ” амал карда, қасди бесубот кардани вазъи нафақат Бадахшон, балки тамоми ҷумҳуриро дар сар доштанд.