ВидеоКоррупсияСиёсатТоҷикистон

БОЗДОШТИ ҚУДОИ САРВАЗИР БАРОИ 320 ҲАЗОР ДОЛЛАР. ҚОҲИР РАСУЛЗОДАРО КӢ ЧАП ГИРИФТААСТ?

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 9 майи соли 2024 хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 65-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, ба ӯ 1-адад мағозаи 4-ошёна воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар соҳибияташ буд ва ҳамчун гарав дар “Спитаменбонк” гузоштаро ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда, 320 ҳазор доллари амрикоиро аз охирин гирифта, мағозаи мазкурро ба дигарон ба фурӯш бароварда, аз ин ҳисоб қарзи кредитии худро дар назди “Спитаменбонк” пӯшондааст ва маблағи аз харидори аввал гирифтаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (қаллобӣ ба маблағи махсусан зиёд) кушодаанд ва тафтишот идома дорад.

ВКД исми нафари муттаҳам ба қаллобиро нашр накард, вале радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) рӯзи 30 майи соли 2024 хабар дод, ки ин нафари бо ҷурми “қаллобӣ ба маблағи чандсад ҳазор доллар дастгиршуда Муқим Ашӯров, қудои сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода буда, ба зидди ӯ рӯзи 8 майи соли ҷорӣ парванда кушодаанд ва Ашӯрови 65-сола феълан дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор дорад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар гуфтааст: “Аъмоли Муқим Ашӯров бар асоси қисми чори моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон санҷида мешавад. Вай чанд сол пеш ба боварии як сокини Хуҷанд даромада, барои фурӯши мағозаи чорошёна 320 ҳазор доллар гирифтааст. Баъдан он мағозаро боз ба каси дигар фурӯхта, маблағи аввалиро бозпас надодааст”.

Қисми чоруми моддаи 247 ҳамчун ҷазо барои қаллобӣ ба маблағи махсусан зиёд ҷаримаи ҳангуфт ваё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Мавқеи Муқим Ашӯров ва ё вакили мудофеаш маълум нест. Пайвандонаш дар ин бора гап задан нахостанд. Вале як шахси наздик ба ин хонавода дар суҳбати ҳузурӣ ба радиои зану шӯ Аюбовҳо гуфтааст, “масъала дар ҷараёни ҳалшавист.” Манзураш ин буд, ки “зарари шахси даъвогар ба зудӣ ҷуброн карда хоҳад шуд”.

Дар бораи Муқим Ашӯров маълумоти зиёде дар дастрас нест. Худаш дар саҳифааш дар Фейсбук худро ҳамчун хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Ленинобод ба номи С.Киров ва мудири ширкати сайёҳии “Спутник” муаррифӣ кардааст. Писари ӯ Парвиз Ашӯров шавҳари духтари калонии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ном бурда мешавад. Расулзода низ мисли Муқим Ашӯров зодаи Қистақӯз (ҳоло Хистеварз), деҳаи аз ҳама бузурги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тамоми Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Муқим Ашӯров қудои собиқи Қоҳир Расулзода аст, чунки фарзандони онҳо ягон 5 сол қабл аз якдигар ҷудо шуданд.

Қоҳир Расулзода

Хабари боздошти қудои сарвазир дар ҳоле расонаӣ шуд, ки номи Қоҳир Расулзода дар рӯзҳои охир якбора дар робита ба  чанд моҷаро вирди забони матбуот шуд.

“Азда ТВ ва як маркази байналмилалии таҳқиқоти коррупсия ахиран хабар доданд, ки ҳамсари сарвазир Иқболхон Нозирова дар Дубай ду вилла доштааст, ки арзиши ҳардуяш қариб якуним миллион доллар баровард мешавад.  Ҳамин тавр, бар асоси ин таҳқиқот, духтари дигари сарвазир Фарангис Азимова, ки ба Зафар Азимов, писари сарвазири собиқи Тоҷикистон Яҳё Азимов издивоҷ кардааст, дар ҳамон Дубай як виллаи боз ҳам гаронбаҳотари нархаш 5 миллиону 400 ҳазор доллар харида будааст.

Афроди наздик ба сарвазир пайи ҳам расонаӣ шудани ин моҷароҳоро маъракае ҳисобшуда ва барномарезишуда ба зидди Қоҳир Расулзода мешуморанд ва бар инанд, ки касе ба курсии ӯ чашми тамаъ дӯхтааст. Вагарна, мегӯянд онҳо, дар раддаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон афроде ҳастанд, ки даҳҳо маротиба аз Қоҳир Расулзода сарвату молу мулки зиёдтар доранд.

Тибқи як анъанаи нонавишта, вале аз солҳои 90 ба ин тараф роиҷ дар арши сиёсии Тоҷикистон, курсии президент ва раиси палатаи болоии парлумони ин ҷумҳурӣ дар дасти намояндагони клани Кӯлоб, курсии сарвазир дар ихтиёри намояндаи вилояти Суғд ва курсии раиси палатаи поёнии парлумон  дар дасти намояндаи  шарқи Тоҷикистон (водии Рашт ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) қарор доранд.

Қоҳир Расулзода, ки 63 сол дорад, тибқи ҳамин анъана ба ҷои намояндаи дигари клани Хуҷанд Оқил Оқилов дар соли 2013 ба курсии сарвазирӣ нишаст ва инак беш аз 10 сол боз дар ин мақом кор мекунад. Аз он қабл Расулзода  7 сол раиси вилояти Суғд буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button