ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

АЗ Ӯ ДУ ТИФЛ ЯТИМ МОНД… ҶАВОНИ ТОҶИК ИФТИХОР НОЗИМОВ ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД

Хабари дар Украина кушта шудани боз як ҷавони тоҷик ба даст расид. Ифтихор Нозимов 29 сол дошт. Аз ду фарзанди хурдсол дар шаҳри Радужний дар Шимоли дури Русия ятим монд.

Нозимов Ифтихор Икромович, санаи таваллудаш 8 апрели соли 1995 моҳи апрели соли 2024 дар ҷараёни ҷангҳо дар Украина кушта шудааст, вале хабари маргаш тоза дар поёни моҳи май ба дасти расонаҳо расид.

Ифтихор Нозимов, ки  ҳамроҳи зану ду фарзанди хурдсолашдар шаҳри Радужнийи ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси – Югра  зиндагӣ мекард, моҳи сентябри соли 2022 дар чорчӯби маъракаи якуми мобилизатсия ба саффи артиш даъват гардида, рост ба ҷанги зидди Украина фиристода шуд. То замони маргаш дар апрели соли 2024 ин ҷавони тоҷик қариб 2 сол, ё дақиқтараш 20 моҳро дар хатти пеши ҷабҳаи ҷанг паси сар кардааст.

Дар бораи инки ӯ дар кадом қисмати Украина ва чӣ гуна кушта шуд?, ягон маълумот дода нашудааст. Ин ҳам маълум нест, ки Ифтихор Нозимов кай ба Радужний кӯчиду кай шаҳрвандии Русия гирифт ва умуман то даъваташ ба ҷанги зидди Украина дар ин ҷо чӣ кор мекард?

Танҳо ҳамин маълум аст, ки ду фарзанди хурдсолаш дар Радужний ятим монданд ва саробонии онҳо акнун ба дӯши ҳамсараш меуфтад.

Шаҳри Радужний 44 ҳазор аҳолӣ дошта, дар байни ҷангалистон (тайга) дар соҳили дарёи Аган дар тақрибан 160-километрии шимоли Нижневартовск ва ҳудудан 360-километрии шимолушарқи Сургут ҷойгир шудааст. Ин шаҳрро ба далели иқлими қаҳратунаш ба минтақаҳои Шимоли дур баробар кардаанд.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Тайи ду соли ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ном мебаранд, аз ҳарду тараф наздики 200 ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ ва 10 миллион украинӣ гуреза шуданд.

Дар байни кушташудагон даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш  аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷиконеанд, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд. Бархеаш муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.

Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия низ кушта шудаанд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.

Дар Тоҷикистон фикру ақидаҳо дар бораи иштироки зодагони ин кишвар дар ҷанги Русия ба зидди Украина яксон нест. Бархе бар инанд, ки тоҷикистониҳо бояд ба шарики стратегии кишвари худ Русия дар ин ҷанг кумак кунанд ва бо ин роҳ барои ба як миллион тоҷик ҷои кор доданаш ба Русия изҳори сипос кунанд. Вале дигарон ҷанги Русия ба зидди Украинаро як ҷанги ноодилона ва барои тоҷикистониҳо як ҷанги бегона медонанд ва иштироки зодагони Тоҷикистон дар ин ҷангу худро қурбон кардани онҳоро бемаънӣ мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button