ВарзишВидео

АЛАКАЙ 11 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК БА ОЛИМПИАДАИ ПОРИС РОҲХАТ ГИРИФТАН. 6 НАФАРАШ – АЗ  ДЗЮДО

Тоҷикистон ба Бозиҳои 33-юми олимпӣ, ки аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар Порис, пойтахти Фаронса доир мешаванд, алакай 11 роҳхат ба даст овардааст. Ин як роҳхат бештар аз 10 роҳхатест, ки варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи қаблӣ дар Токио ба даст оварданд ва Тоҷикистонро дар он мусобиқот 10 варзишгар – 9 мард ва як духтар намояндагӣ карда буданд.

Аз 11 роҳхати олимпӣ  6 роҳхаташро барои Тоҷикистон паҳлавонони тоҷик дар гуштини дзюдо (ҷудо) соҳиб шудаанд, ки ин як нишондиҳандаи рекордӣ дар таъриҳи дзюдои Тоҷикистон аст.

Зимнан, роҳхатти ҳафтум аз дзюдо низ дар ҷайби тими олимпии Тоҷикистон буд. Обид Ҷебов аз лиҳози шумораи имтиёзҳояш бояд ба Олимпиада мерафт, вале тибқи муқаррарот, як кишварро дар як вазн танҳо як нафар метавонад намояндагӣ кунад ваба ин сабаб ягона роҳхатти Тоҷикистон дар вазни то 66 килоро Эмомалӣ Нуралӣ, ки имтиёзи назар ба Ҷебов бештар дошт,  ба ҷайби худ андохт.

Ба ҷуз аз Эмомалӣ Нуралӣ, ҳамчунин Муҳаммадсолеҳ Қувватов роҳхат дар вазни то 60 кило, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило  Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 килоро ба даст оварданд. Барои Комроншоҳ ин Олимпиадаи охирин аст ва ӯ ҳатман талош хоҳад кард, то ба собиқаи барҷастаи варзиашро бо медали олимпӣ зиннат бидиҳад.

Шореҳи варзиш Mуҳаммадрозиқ Неъматзод дар гуруҳи фейсбукии Tajik sport навишт, ки Ҷаҳонгир Маҷидов каме дертар ба вазни -100 кг гузашт, вагарна ӯ низ шанси зиёд барои гирифтани саҳмияи олимпӣ дошт.

Дар умум, меафзояд ӯ, бо ин ки барои аввалин бор дар таърих шаш ҷудокори тоҷик саҳмияи олимпӣ ба даст оварданд, Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Миёна аз рӯи теъдоди саҳмияҳои олимпӣ байни мардон дар ҷудо фақат аз  Ӯзбекистон, 7 саҳимя ба даст овард, ақиб мемонад ва баробари Қазоқистон аст:

1.Ӯзбекистон (7 саҳмия байни мардон ва 4 саҳмия байни занон)

2.Қазоқистон (6 саҳмия байни мардон ва 3 саҳмия байни занон)

3.Тоҷикистон (6 саҳмия байни мардон)

4.Қирғизистон (2 саҳмия байни мардон )

5. Туркманистон (1 мард ва 1 зан)

Ҳамчунин бори аввал дар 12 соли охир, яъне аз замони Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон, Тоҷикистон дар гуштини тарзи озод соҳиби як роҳхат шуд. Албатта, ин роҳхатро ба ҷайби Тоҷикистон дар пайи ҳунарнамоии комёбонааш дар Истанбул Виктор Рассадин ба даст овард, ки дар асл зодаи Ёқутистони Русия аст, вале ахиран шаҳрванди Тоҷикистон шуд.

Ҳамчунин се муштзани тоҷик – Мижгона Самадова, Давлат Болтаев ва Баҳодур Усмонов ҳам ба Олимпиадаи Порис роҳхат гирифтанд. Бонуи дуюм баъди Мижгона Самадова дар ҳайъати тими олимпии Тоҷикистон – Мунира Абдусаломова – кишвари худро дар пойтахти Фаронса дар мусобиқоти тхэквондо намояндагӣ мекунад.

То оғози Олимпиадаи Порис ҳанӯз қариб ду моҳи дигар боқӣ мондааст ва варзишгарони тоҷик боз имкон доранд, ки барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ талош кунанд. Интизор меравад, шумораи варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи имсола аз  ин 11 нафар ҳам бештар хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, тими олимпии Тоҷикистон аз Олимпиадаи қаблӣ дар Токио бидуни медал баргашта буд. Ба ин тартиб, охирин медали олимпӣ дар ҷайби Тоҷикистон ҳамон медали тилоест, ки ҳамроҳ бо унвони қаҳрамони олимпӣ гурзандози шуҳратёри тоҷик Дилшод Назаров дар Олимпиадаи соли 2015 дар Рио-де-Жанейро ба даст овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button