ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БАРХӮРДИ МОШИНИ БОРКАШ БО “МАРШРУТКА” ДАР ПОЙТАХТ 4 ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 29 майи соли 2024 аз ҷароҳат бардоштани 4 мусофир адр пайи бархӯрди як мошини боркаш бо “маршрутка” дар кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахти Тоҷикистон хабар дод. 

Бино ба иттилои милитсия, субҳи 29-уми май, тақрибан соати 09:00, ронандаи мошини боркаши тамғаи «DAF», рақамҳои қайди давлатиаш 36 37 МА 01, Зиёев Мавлон Ҳикматуллоевич, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҷаббор Расулов ба самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба нақлиёти мусофирбари тамғаи «Мерседес Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 55 09 ТТ 09, таҳти идораи шаҳрванд Мӯсоев Хушбахтшо Муҳиддинович бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ, хушбахтона,  ягон кас ҷон набохтааст, вале 4 мусофири “Спринтер” ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас карда шудаанд.

Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия маводи зарурӣ тартиб дода шуда, қазия мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста шуда, ҳар сол бар асари садамаҳо дар ин кишвар то 400 нафар кушта ва то 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Танҳо аз аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар бораи ҳалокати дастикам 30 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button