Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 29 майи соли 2024
Ҳалокати пиёдагарди ноболиғ дар зери чархи автомашинаи “КАМАЗ”
28-уми майи соли 2024, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “КАМАЗ-5511”, Бердиев Сафаралӣ Холмуродович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Д.Алиеви ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Д.Алиев ба самти деҳаи Кабкрез, дар ҳудуди деҳаи Файзободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Халангов Шамсулло Ҷумахонович, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи Файзободро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Кормандони милитсия якчанд ҳолати қаллобиро вобаста ба хариду фурӯши автомашина ошкор намуданд
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми феврали соли 2024, марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 32 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки баъди ду рӯз ба ӯ автомашинаи шахсиаш тамғаи “БМВ”, соли бароришаш 2017-ро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муаяйн карда шуд, ки марди 37-солаи сокини ноҳияи Вахш аввалҳои моҳи январи соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 186 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз хориҷи кишвар автомашинаи тамғаи “Лексус” оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ифшо шудани ҳолатҳои дуздии маблағу ҷавоҳирот
Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг аризаи марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 25-уми майи соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи бародараш марди 33-солаи сокини ҳамон ҷо даромада, дари сандуқи оҳанинро шикаста, аз дохили он ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғаиб задаанд.
Зарари расонидашуда 135 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 16 ва 15-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Инчунин, ба РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки тахминан аввалҳои моҳи июни соли 2023 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Рашт содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.