ВидеоҶомеа

РВКД ДУШАНБЕ АЗ НОМИ МИЛИТСИЯ РАБУДАНИ ПУЛУ МОЛИ ШАҲРВАНДОНРО РАД КАРД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 29 майи соли 2024 бо нашри як изҳороти алоҳида овозаҳо дар бораи гӯё аз номи милитсия ба хонаҳои мардум рафтану пулу молҳои шаҳрвандонро рабудани ҷинояткоронро рад кард. Милитсия аз сокинон хост, ба паёмакҳо бо чунин мазмун бовар накунанд ва танҳо ба маълумоти каналҳои расмӣ такя кунанд.

Дар изҳороти милитсияи пойтахти Тоҷикистон чунин гуфта мешавад:

Диққат!

Ба ҳар гуна паёмак бовар накунед!

Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан «Ватсапп», дар байни шаҳрвандон паёмаке паҳн гардидааст, ки як гурӯҳи ҷиноятӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон рафта, худро кормандони мақомоти милитсия муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу васила ба рабудани пулу моли шаҳрвандон машғуланд.

Вобаста ба ҳолати мазкур макомоти корхои дохилӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки хабари паҳнгардида асоси воқеӣ надошта, он аз ҷониби афроди ғаразнок бо мақсади ба ташвиш овардани шаҳрвандон паҳн карда шудааст.

Ба иттилои шаҳрвандон мерасонем, ки ба ҳар гуна овоза ва хабарҳои беасос эътимод накарда, танҳо ба маълумот ва хабарҳои расмӣ, ки тавассути воситаҳои ахбори омма нашр мегарданд, бовар кунанд”.

Дар бораи овозаҳо ва паёмакҳое, ки дар байни мардум паҳн шудаанд, милитсияи Душанбе тафсилоти аз ин бештар надодааст. Маълум нест, ки оё дар ҳақиқат касе аз дасти ин милисаҳои қалбакӣ зарар дидааст ё на?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button