РӮЗҲОИ 29 ВА 30 МАЙ ДАР КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН БОЗ СЕЛ МЕОЯД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки рӯзҳои 29-30 майи соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳи Тоҷикистон, ба истиснои шарқи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо пешбинӣ мешавад.
Рӯзи 29 май эҳтимоли болоравии сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон, Обихингов, Сурхоб, Вахш, Ёсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳои ҷоришаванда аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) вуҷуд дорад.
Дар ин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо соҳили обҳо моҳидорӣ ё истироҳату оббозӣ нараванд.
Аз сокинони манотиқи кӯҳиву наздикӯҳи хоҳиш мешавад аз рафтан ба доманакӯҳҳои ба хотири ҷамъоварии гиёҳони дорувор ва ҳезум худдорӣ намоянд.
Бо мақсади пешгирӣ аз вуруди сел ба хонаву ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт хоҳиш карда мешавад сокинон аз қабл селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйҳоро аз ҳар гуна хасу хасрубаву сангу шағал тоза кунанд.
Моҳи майи соли ҷорӣ бо селу боришоташ барои Тоҷикистон дар умум моҳи вазнину пурофат омад. Аз аввали моҳи май дар ин кишвар алакай қариб 50 нафар қурбони ҳодисаҳои нохуш шудаанд. Беш аз 30 нафари онҳо бар асари садамаҳои нақлиётӣ ва ҳудуди 20 нафари дигар бар асари офатҳои табие, чун селу обхезӣ ҷон додаанд ваё дар об ғарқ шуданд. Ҳамчунин дасти кам 3 нафар ҳангоми чукричинӣ аз кӯҳ афтода, ба ҳалокат расиданд. Ду нафари дигар (падару писар) дар шаҳри Бохтар ҳангоми тоза кардани як лӯлаи аз партов пуршудаи канализатсия ҷон бохтанд.