ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ҲУКМИ 4 ҶАВОНИ ТОҶИК  БАРОИ ЗАНОЗАНӢ БО ҶАВОНОНИ РУС ДАР ХАБАРОВСК БАРОИ ЯК ДУХТАР

Додгоҳи ноҳияи Индустриалнийи шаҳри Хабаровск дар минтақаи Шарқи дури Русия бо анҷоми мурофиаи пурсарусадои занозании як сол пеши ҷавонони тоҷику рус се ҷавони тоҷикро ба муҳлати аз 2 солу 2 моҳ то 2 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндони ниҳомаш умумӣ ва як ҷавони дигарро, ки моҳи марти соли 2023, дар замони он занозанӣ ҳанӯз ноболиғ буд, ба 1 солу 6 моҳи корҳои ислоҳӣ маҳкум кард.  Манбаи ин хабар – хадамоти матбуоти додгоҳҳои кишвари Хабаровск рӯзи 29 майи соли 2023 дар Телеграм-канали “Суды Хабаровского края” хабар дод, ки додгоҳ зодагони Тоҷикистонро бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия дар авбошии гуруҳӣ дар заминаи адоват ва хусумати миллӣ гунаҳкор шинохт.

Худи ҷавонони тоҷики маҳкумшуда ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи додгоҳ, “моҳи марти соли 2023 4 марде, ки намояндагони миллати тоҷик мебошанд, дар макони ҷамъиятӣ аз ҳиссиёти авбоҳӣ ва хусумат нисбат ба намояндагони миллати рус, ба ду ҷавон осеби ҷисмонӣ расонда, ҳамчунин нисбат ба онҳо дашномаҳои қабеҳро раво дида, онҳоро ҳамчун намояндагони миллати рус паст заданд”.

Ҳукми 4 ҷавони тоҷик ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва онҳо ҳақ доранд, ки аз он ба додгоҳи болотар шикоят баранд.

Тафсилоти дигари парванда нашр нашудааст. Қаблан хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти кишвари Хабаровск хабар дода буд, ки занозанӣ байни ҷавонони тоҷику рус шоми 23 марти соли 2023 дар маркази савдои “Южний парк” дар ҳудуди ноҳияи Индустриалний аз як баҳси ночиз сар шудааст. Гӯё як ҷавони 19-солаи маҳаллӣ ба як духтари ноболиғ барои сигор кашиданаш эрод гирифтааст ва як ҷавони тоҷик, ки ин духтар ҳамроҳи ӯ буд, аз пушти духтар бо он ҷавон вориди баҳс шудааст. Баҳи онҳо хеле зуд ба занозанӣ печида, ҷавони тоҷик ва се дӯсташ он ҷавони рус ва як рафиқи ӯро латтукӯб кардаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ он вақт навишта буданд, ки худнамоӣ дар пеши духтарҳо боиси ба пушти панҷараи зиндон афтодани якбора чор ҷавони тоҷик шуд.

Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, ҷавонони тоҷик ҳамагӣ аз 17 то 20 сол дошта, ду нафари онҳо, ки 19 ва 20 сол доштанд, шаҳрванди Тоҷикистон буданд ва дуи дигар, ки 17 ва 19 сол доштанд, тоза соҳиби шаҳрвандии Русия шуда буданд.

Тибқи қонуни нави шаҳрвандии Русия, онҳоеро, ки тоза шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд, дар сурати содир кардани ҷиноят метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button