ҲАЛОКАТИ САЙЁҲИ ҚАЗОҚ ҲАНГОМИ ПАРВОЗ БО ПАРАПЛАН ДАР КӮҲҲОИ ЯВРОЗ ДАР ДАРАИ РОМИТ

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаҳрванди 56-солаи Қазоқистон Рафаэл Носиров рӯзи 27 майи соли 2024, тақрибан соати 11:00, ҳангоми парвоз бо параплан ба сабабҳои номаълум дар кӯҳҳои атрофи деҳаи Яврози дараи Ромит, воқеъ дар канори шаҳри Ваҳдат, ба ҳалокат расидааст.
Барои анҷоми амалиёти ҷустуҷӯӣ наҷотбахшон аз раёсати хадамоти махсуси наҷоту ҷустуҷӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд. Дар натиҷаи амалиёти ҷустуҷӯӣ, наҷотбахшон рӯзи 28 майи соли 2024 ҷасади шаҳрванди Қазоқистонро дар кӯҳҳои Явроз пайдо карда, бо истифода аз васоили махсус аз кӯҳ поён фароварданд ва ба дасти мақомоти марбута супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳои нохуш ба ҳамаи дӯстдорони ин навъи варзишу истироҳат хотиррасон кардааст, ки парвоз бо параплан (парапланеризм) як навъи варзиши экстремалӣ ва пурхатар ба шумор меравад. Парвозҳо бо параплан бояд дар обуҳавои муносиб анҷом шуда, парвозкунандаҳо бояд ҳатман дар сар кӯлаҳхӯд (шлем) ва бо худ дигар васоили таъмини бехатариашонро дошта бошанд. Шамин тавр, ҳар нафаре, ки ба параплан савор мешавад, бояд як чатр, ё парашюти эҳтиётии муносиби вазнаш дошта бошад. Ҳарчанд, меафзояд кумита, парапланеризм боз ҳам як навъи варзиши экстремалӣ ва пурхатар боқӣ хоҳад монд.
Дар солҳои охир шумори афзояндаи сайёҳон аз кишварҳои мухталиф ба Тоҷикистон аз ҷумла барои анҷоми парвозҳо бо параплан ва аз осмон тамошо кардани зебоиҳои кӯҳҳои ин кишвар меоянд.
Марги шаҳрванди Қазоқистон дар кӯҳҳои дараи Ромит нахустин ҳодисаи марги сайёҳони хориҷии дӯстдори навъҳои экстремалии варзишу сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар соли ҷорист.
Аммо нахустин сайёҳи хориҷие, ки ҳангоми парвоз бо параплан дар Тоҷикистон ҷони худро аз даст дод, байкер ва ҷаҳонгарди рус Павел Чернов, маъруф ба Павел Мотовоз ё Паша Мотовоз буд. “Мотовоз”, ки 38 сол дошт, 10 сентябри соли 2022 ҳангоми парвоз бо параплан дар кӯҳҳои дараи Харангони ноҳияи Варзоб, воқеъ дар тақрибан 25-километрии шимоли Душанбе ба ҳалокат расид.
“Гуруҳи навбатдори наҷотбахшон ва табибони раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯиву наҷотбаъшии Кумита билофосила ба ҷои ҳодиса рафт. Наҷотбахшон баробари расидан ба амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ пардохтанд. Маълум шуд, ки ӯ ҳаноми парвоз имкони идораи парапланро аз даст додааст ва ҷароҳатҳои ҳалокатбор бардошта, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Ӯ дар дастгоҳи парвозкунанда танҳо буд”, – хабар дода буд он вақт Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Паша Мотовоз дар байни байкерҳои Петербург як шахсияти машҳур буд. Ӯ ба тиҷорати мотосиклҳо машғул буд ва парапланеризм аз шуғлҳое буд, ки дӯст медошт.
Паша Мотовоз баТоҷикистон барои як сафари тиҷоратӣ омада буд, вале вақте фаҳмид, ки дар инҷо имкони парвоз бо параплан вуҷуд дорад, дилаш тоқат накард ва ду рӯз паиҳам – 9 ва 10 сентябр – барои анҷоми парвозҳо аз Душанбе берун рафт.
Паша Мотовоз ҳамаи парвозҳои худро бо видеокамераи дар либосаш насбшуда сабт мекард. Ӯ аз ҷумла парвози рӯзи 9 сентябр анҷомдодааш дар Харангонро нафақат сабт кард, балки онро дуруст карда, дар ҳаҷми 16 дақиқа дар каналаш дар Ютуб гузошт. Субҳи 10 сентябр, дар Харангон камераи Павел Мотовоз парвози охирини ӯро ҳам сабт кардааст. Вале марг ба ӯ дигар маҷоли дуруст кардану дар Интернет гузоштани ин видеоро надод.