ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ХАБАРИ МАРГИ АФСАРИ ТОҶИКИ АРТИШИ РУСИЯ. КАПИТАН НАҶМИДДИН ЁҚУБОВ ДАР УКРАИНА МЕҶАНГИД

Капитан Ёқубов Наҷмиддин Муҳиддинович, фармондеҳи рота полки якуми танкии дивизияи дуюми савораи Таман, яке аз воҳидҳои машҳури артиши Русия, ба ҳалокат расидааст. Агар умр вафояш мекард, имсол капитан Ёқубов ба синни 37 мерасид.

Дар бораи марги Наҷмиддин Ёқубов холаи ӯ Сафаргул Шарифова рӯзи 28 майи соли 2024 дар Фейсбук бо нашри як марсияи пурсӯз хабар дод. Холаи мотамзада навишт: “Худоё, Поко Парвардигоро, ба фарзандпадарам – апаи зорам сабр дех! Сабр дех Худочон, ки хабари марги фарзанди рахдурашро тахаммул карда тавонад, ба хабари шум тоб оварда тавонад!(( Ин кадар зарбаи сахт ба сари апачонакам омад(((Чун барги бед ларзонаму гирёнам, ду маротиба сактаи дилро аз сар гузаронидааст, Худочонам сабр дех, зорию тавалло мекунам, апаамро дар панохат нигах дор! Чои чиянакам бихишт бодо! Хонаи охираташ обод бодо! Айни камолоти зиндагӣ, зеби хоки хунук надоштӣ, чони хола!!!”

Сафаргул Шарифова дар бораи кай, чӣ гуна, дар чӣ шароит ва дар куҷо ҷон бохтани ҷияни афсараш чизе нанавиштааст. Дар бораи кай ва дар куҷо ба хок супурдани Наҷмиддин Ёқубов низ чизе гуфта нашудааст.

Бисёриҳо дар зери ин хабар ба наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ карда ва барои Наҷмиддин Ёқубов аз даргоҳи Илоҳӣ раҳмату мағфират ва охирати обод талаб кардаанд.

Манобеи украинӣ, аз ҷумла Маркази “Миротворетс” ва ГУР (Сарраёстаи ҷосусии артиши Украина), ҳанӯз моҳи марти соли 2022, яъне дар рӯзҳои аввали шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина, номи қариб 1000 афсару аскари дивизияи савораи Таманро ба “рӯйхатти ҷинояткорони ҷанг” шомил карданд. Бино ба ин манобеъ, дивизияи Таман аз рӯзи аввали ҷанг, яъне аз 24 феврали соли 2022 ба ҷанги зидди Украина сафарбар шудааст. Дар ин рӯйхатҳо номи капитан Ёқубов Наҷмиддин Муҳиддинович низ буд. Бар асоси маълумоти манобеи украинӣ,  рақами шахсии капитан Ёқубов Ц-053430 ва вазифааш фармондеҳи рота полки якуми танкии дивизияи дуюми савораи Таман буд. Маҳалли истиқрори доимии ин воҳиди низомӣ қисми ҳарбии № 58198, воқеъ дар шаҳраки Калининетси вилояти Маскав гуфта мешуд. Шаҳраки Калининетс дар ҳудуди ноҳияи Наро-Фоминск, дар тақрибан 50-километрии ҷанубуғарби шаҳри Маскав ҷойгир шудааст.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Тайи ду соли ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ном мебаранд, аз ҳарду тараф наздики 200 ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ ва 10 миллион украинӣ гуреза шуданд.

Дар байни кушташудагон даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш  аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷиконеанд, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд. Бархеаш муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.

Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия низ кушта шудаанд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.

Дар Тоҷикистон фикру ақидаҳо дар бораи иштироки зодагони ин кишвар дар ҷанги Русия ба зидди Украина яксон нест. Бархе бар инанд, ки тоҷикистониҳо бояд ба шарики стратегии кишвари худ Русия дар ин ҷанг кумак кунанд ва бо ин роҳ барои ба як миллион тоҷик ҷои кор доданаш ба Русия изҳори сипос кунанд. Вале дигарон ҷанги Русия ба зидди Украинаро як ҷанги ноодилона ва барои тоҷикистониҳо як ҷанги бегона медонанд ва иштироки зодагони Тоҷикистон дар ин ҷангу худро қурбон кардани онҳоро бемаънӣ мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button