Султон Валиев, вакили собиқи Шӯрои олӣ, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисӣ миллӣ ва раиси собиқи ноҳияҳои Ховалингу Восеъ рӯзи 28 майи соли 2024 дар синни 72 аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора Сунати Содиқ дар Фейсбук бо нашри як номаи таслият ба наздикони марҳум хабар дод. Дар бораи иллати марги Султон Валиев чизе гуфта нашудааст.
Султон Валиев 5 марти соли 1952 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, риштаи физикаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва риштаи иқтисодии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст. Султон Валиев дар соҳаи маориф ҳамчун муаллими мактаби миёна ва кафедраи физикаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва ҳамчунин ба ҳайси мудири мактаб-интернат кор кардааст. Ӯ ҳамчунин муовини мудири кулли иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Ховалинг, мудири муассисаи нақлиётӣ, ё автобазаи №14 дар ноҳияи Ховалинг ва мудири кулли корпоратсияи “Ғалла” дар вилояти Хатлон буд.
Султон Валиев солҳои 1995-2000 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон ва аз соли 2000 ҳамчун вакил аз ҳавзаи №33 Қумсангир вакили Маҷлиси намояндагон буд. Ӯ аз парлумон бо фармони президент раиси ноҳияи Ховалинг таъйин шуда, рафт ва то соли 2006 дар зодгоҳаш кор кард. Султон Валиев баъдан дар мақоми муовини вазири кишоварзӣ кор карда, сипас раиси ноҳияи Восеъ таъйин шуд ва то соли 2013 дар ин вазифа кор кард. Султон Валиев ҳамчунин чанд сол вакили Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд.
Султон Валиев дар авоили солҳои 2000 дар як садама маҷруҳ гардида, маъюби гуруҳи 2 шуда буд.
Ӯ барои хидматҳояш бо ордени “Шараф” дараҷаи 1 қадрдонӣ шудааст.
Аз Султон Валиев 4 фарзанд боқӣ монд.