ВидеоИқтисодТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

БАРОИ ТАБОБАТ БА ҲИНД РАФТА БУД… ДАРГУЗАШТИ МУОВИНИ РАИСИ КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 майи соли 2024 аз даргузашти муовини раиси ин кумита, Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Абдураҳмон Раҳим хабар дод. Марҳум ҳамагӣ 55 сол дошт.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо изҳори ҳамдардӣ ва арзи таслияти амиқ ба пайвандони наздикони Абдураҳмон Каримзода навишт:

Ёдат ба хайр дӯсти гиромӣ,

Роҳбарият, ҳайати мушовара ва аҳли кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи зиёд бинобар даргузашти нобаҳангоми Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳайати мушовара, муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Абдураҳмон Раҳим, ба пайвандон ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва тассалияти амиқ намуда ба онҳо сабри ҷамилро хоҳонанд.

Равонатон шоду манзили охирататон ободу ёдатон гиромӣ бод!”

Дар номаи таслияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар бораи иллати марги Каримзода чизе гуфта нашудааст. Вале афроди наздик ба хонаводаи марҳум хабар доданд, ки ӯ ахиран барои табобат ба Ҳиндустон рафта буд ва дар ҳамон ҷо даргузашт. Мутаассифона, табибони Ҳиндустон низ натавонистанд ӯро шифо бидиҳанд.

Қарор аст, ҷанозаи Абдураҳмон Каримзода рӯзи панҷшанбе, 30 май бо ҳавопаймо аз Ҳиндустон ба Душанбе оварда шавад ва ба ин сабаб, намози ҷанозаи марҳумро ба рӯзи ҷумъа гузоштаанд. Намози ҷаноза қабл аз намози ҷумъа дар масҷиди Ҳазрати Мавлоно баргузор мешавад.

Абдураҳмон Каримзода 10 декабри соли 1968 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) ба дунё омада, соли 1993 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси сохтмон хатм кардааст. Солҳои 1993-1996 дар шуъбаи назорати сифати раёсати «Роғунгесстрой»-и ширкати давлатии «Нурафзо» ба ҳайси муҳандис ва солҳои 1997-1998 ба ҳайси сардори шуъбаи сохтмон ва меъмории ҳукумати ноҳияи Дарбанд (Нурободи ҳозира) кор кардааст. Аз соли 1998 то 2000-ум ҳамчун муҳандис дар раёсати татбиқи лоиҳаҳои хурди «Фидокор», Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъди ҷанг дар водии Қаротегин ва Тавилдара, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблғгузорӣ мегардид, фаъолият  дошт.

Абдураҳмон Каримзода аз соли 2000-ум то соли 2002 дар намояндагии Бунёди Оғохон дар ноҳияи Нуробод ва солҳои 2002-2006 дар Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (ТАСИФ) кор кардааст.
Аз соли 2006 то соли 2010 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи сохтмони шаҳрдории Душанбе ва солҳои 2011-2015 дар Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» кор кард.

Аз соли моҳи октябри 2015 то феврали соли 2021 мудири Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» -и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҳукумати Тоҷикистон буд. Бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2021 ба вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон таъин гардид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button