
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ошкор шудани тасарруфи беш аз 152 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ дар муассисаи давлатии «Дезинфексияи профилактикии ноҳияи Деваштич» хабар дод.
Бино ба гузориши маркази матбуоти агентӣ, зимни гузаронидани санҷиши молиявӣ – хоҷагидорӣ дар фаъолияти муассисаи давлатии «Дезинфексияи профилактикии ноҳияи Деваштич» муайян гардид, ки Отаҷонов М.Ш. аз 19 августи соли 2014 то инҷониб дар вазифаи мудири ин муассиса кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабдорӣ маблағҳои давлатиро аз они худ кардааст.
Агентӣ мегӯяд: “Чунончи, Отаҷонов М.Ш. зимни фаъолияти хизматиаш моҳҳои феврал – апрели соли 2023 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мудири ҶДММ “Садафи Ғончӣ”-и ноҳияи Деваштич Ҷӯраев Д.Г. амал намуда, ба воситаи ҷамъияти мазкур дар 5 ҳолат бо роҳи сохтакории борхатҳои хароҷотӣ маблағи 203 ҳазору 102 сомонии барои харидории маводи безараргардонӣ ҷудошударо нақдӣ кунонида, маблағи дар ихтиёрашон қарордоштаро аз рӯи таъйинот истифода набурда, аз он 152 ҳазору 248 сомониашро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ аз они худ карданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калонии моддӣ расониданд”.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати Отаҷонов М.Ш. ва Ҷӯраев Д.Г. бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моддаи 245, қисми 4, банди “б” (тасарруфи маблағҳо ба миқдори махсусан бузург) ва моддаи 323 (сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парвандаашон баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ супурда шудааст.
Худи Отаҷонов М.Ш. ва Ҷӯраев Д.Г. ваё наздикон ё адвокатҳояшон барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Ба онҳо барои сохтакорӣ бо истифода аз мақом ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол ё бидуни он таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, ба муттаҳамон бар асоси қисми чоруми моддаи 245 барои тасарруфи маблағи махсусан бузург ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.
Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони собиқ дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд. Коршиносон бар ин боваранд, ки чунин ҷазоҳои сабукро афроди ҷавобгар дар ивази пораҳои вазнин ба даст меоранд.
Тоҷикистон аз кишварҳои фасодзадаи ҷаҳон ба шумор рафта, имсол бо ҳамагӣ 20 имтиёз, ки пасттарин нишондод дар таърихаш аст, дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифт. Дар раддабандии солонаи Индекс ё Шохиси фарогирии коррупсия дар соли2023, ки созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” (Transparency International) рӯзи 30 январи соли 2024 нашр кард, Тоҷикистон якбора 12 зина пойинтар фаромада, дар байни 180 кишвар дар зинаи хеле пасти 162-юм гузошта шуд.

