МАРГИ ФОҶИАВИИ МОДАРИ ҶАВОН ВА ТИФЛИ ЯКСОЛААШ ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ РАҲГУЗАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 27 майи соли 2024
Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар як рӯз
Субҳи 25-уми майи соли 2024, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ 2107”, Эшов Некрӯз Ҳакимович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ҳисор-Турсунзода”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Баротова Манзура Саломовна, соли таваллудаш 1994 ва фарзанди хурдсолаш Боймирзоева Озода Бахтиёровна, соли таваллудаш 2023, сокинони ҳамон ҷоро пахш намудааст. Дар натиҷа, модари ҷавон ва фарзанди хурдсолаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
25-уми майи соли 2024, тахминан 15:00, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Бобоҷонов Фарҳодҷон Муҳсинҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар ҳудуди мавзеъи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини боркаши тамғаи «ДАФ», таҳти идораи Шодиев Қаноатшоҳ Наҷмуддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Айнӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи «Мерседес», Бобоҷонов Ф. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Мусофири вай Раҷабов Дилшод Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Хуҷанд, аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона вафот кардааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Боздошти ду ноболиғ бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 67-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шоми 22-юми майи соли 2024, тахминан соати 19:00, ҳангоми дар ҳудуди деҳаи Истиқлоли ноҳияи мазкур қарор доштанаш шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайби шимаш ба таври ошкоро 950 сомониашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғони 15 ва 16-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ содир намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.