ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ЯК ТОҶИКРО БАЪДИ 15 СОЛ АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДАНД

Бо қарори бевоситаи вазири корҳои дохилии ҷумҳурии Хакасияи Русия генерал-майори пулис Владимир Генералов як марди 35-солаи зодаи Тоҷикистонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд.

ВКД Хакасия рӯзи 27 майи соли 2024 хабар дод, ки ин тоҷики соли таваллудаш 1989 ҳанӯз соли 2009, вақте ки ҳамагӣ 20 сол дошт, дар Хакасия шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буд. Аммо дар соли 2018 ӯ бо иттиҳоми қасди фурӯши миқдори махсусан зиёди маводи мухадди ба даст афтод ва бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва қсими панҷуми моддаи 228.1 Кодекси ҷиноятии Русия ба 14 соли зиндони низомаш сангин маҳкум гардид.

Баъди адои ҳукми зиндонаш, ки соли 2032 ба поён мерасад, ин зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро аз даст додааст, ба таври маҷбурӣ аз қаламрави Русия ихроҷ хоҳанд кард.

Дар ВКД Хакасия гуфтаанд, ки бар асоси иловаҳо ба қонуни федералии шаҳрвандии Русия, ки 26 октябри соли 2023 ба иҷро даромад, афроде, ки даст ба ҷиноятҳои вазнин мезананд, сарфи назар аз замони содир шудани ҷиноят аз шаҳрвандии Русия маҳрум сохта мешаванд. Аз замони ба иҷро даромадани ин қонун, дар ҷумҳурии Хакасия алакай ду нафарро аз шаҳрвандӣ маҳрум кардаанд.

Дар умум, тайи ин 7 моҳе, ки аз иҷроӣ шудани қонуни нав шаҳрвандии Русия гузашт, алакай тақрибан 10 зодаи Тоҷикистонро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд.

Аксари онҳо маҳбусонеанд, ки ба далели даст ба ҷиноятҳои вазнин, асосан ба қочоқи маводи мухаддир заданашон, шаҳрвандии Русияро аз даст доданд. Вале чанд мавриде ҳам буд, ки зодагони Тоҷикистонро барои сарпечӣ аз рафтан ба ҷанги зидди Украина аз шаҳрвандии Русия маҳрум сохтанд.

Маҳбусони тоҷик мегӯянд, дар зиндонҳои Русия аввал ба онҳо пешниҳод мекунанд, ки ихтиёран ариза дода, ба ҷанги зидди Украина бираванд. Онҳое, ки  аз ин пешниҳод сарпечӣ мекунанд, аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда мешаванд.

Бино ба ҳисобҳо, дар солҳои охир беш аз як миллион аз зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Аксари онҳо дар баробари шаҳрвандии Русия шаҳрвандии Тоҷикистонро низ нигоҳ доштаанд, чунки Душанбе бо Маскав созишномаи душаҳрвандиро имзо кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button