ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ЯК МАРДИКОР АЗ ВАҲДАТ ҲАМСАРАШРО АЗ ҒОЯТИ РАШК ЗАДА-ЗАДА КУШТААСТ

ВКД Тоҷикистон рӯзи 27 майи соли 2024 аз ошкор шудани боз як ҳолати қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳараш дар заминаи рашк хабар дод.

Бино ба иттилои нашршуда, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги инсон шудааст, дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда ҳамроҳи ҳамсари 34-солааш дар манзили истиқоматии як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба таъмири хона машғул будаанд. Ҳангоми кор байни зану шавҳар ҷанҷол бархостааст ва лшавҳар аз сабаби рашк ҳамсарашро мавриди лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба хонаи истиқоматиашон дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Марди дастгиршуда ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Тафсилоти дигари ҳодиса нашр нашудааст. ВКД гуфт, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё сӯиқасд ба куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Дар бештари мавридҳо шавҳарон ва асосан дар заминаи рашк  қасди ҷони ҳамсарони худ мекунанд.

Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button