ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК ДУХТАРЧАИ 11-СОЛА ДАР ДАРАИ ҲАКИМИИ НУРОБОД ҒАРҚ ШУД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи боз як мавриди дар дарёи кӯҳӣ ғарқ шудани духтарчаи хурдсол хабар дод. Дар се рӯзи охир ин алакай сеюмин ҳолати дар дарёҳои баъди селу боришот пуроб Тоҷикистон ғарқ шудани духтарчаҳои хурдсол аст.

Бино ба гузориши нашршуда, субҳи 27 майи соли 2024, тақрибан соати 7:30, як духтарчаи 11-солаи сокини деҳааи Сиёгулаки ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод ҳангоми гузаштан аз дарёи Таги Камар ба об афтода, ғарқ шуд. Ҷасади ӯро соати 8:30, ягон 500 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, ба хешу табораш супурдаанд.

Тафсилоти дигари ҳодиса нашр нашудааст, вале  бино ба гузоришҳо, рӯзҳои охир дар водии Рашт селу боришоти шадид боиси фурӯ рехтани селҳо ва боло рафтани сатҳи оби дарёҳо шуда буд.

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки тайи рӯзҳои истироҳати 25 ва 26 майи соли 2024  дар ҷануби ҷумҳурӣ ду духтарчаи хурдсол, ки якеаш 12 ва дуюмӣ ҳамагӣ 6 сол доштанд, қурбони селу обхезӣ шудаанд.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 25 майи соли 2024, тақрибан соати 11:30 як духтарчаи 12-сола аз деҳаи Қизилсӯи ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор, ки ба падараш дар чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳии Чорнова дар ноҳияи Мӯъминобод кумак мерасонд, даруни оби сел афтода, ғарқ шудааст. Ҷасади духтарчаи маъсумро аз як сойи селпарто дар ҳудуди деҳаи Лангари ноҳияи бо Мӯъминобод  Шамсиддин Шоҳин пайдо кардаанд.

 Ҳамин тавр, рӯзи 26 майи сорли 2024 як духтарчаи 6-сола аз деҳаи А.Муродови ҷамоати ба номи Ҷ.Назарови ноҳияи Шаҳритӯс, ки дар маркази ин ноҳия дар хонаи хешовандонаш дар меҳмонӣ қарор дошт, беназорат монда, аз хона баромадааст ва дар дарёи Кофарниҳон афтода, ғарқ шудааст. Наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон ба ҷои ҳодиса омада, амалиёти ҷустуҷӯии рӯиобӣ ва зериобиро ба роҳ андохтанд, вале то поёни рӯзи якшанбе ин ҷустуҷӯҳо ягон натиҷа надоданд. Ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак аз субҳи 27 май аз сар гирифта шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ду ҳодисаи марги фоҷиавии кӯдакони хурдсол бори дигар аз волидон даъват мекунад, ки фарзандони худро бидуни назорат ва ҳаёти онҳоро зери хатар нагузоранд.

Дар маҷмӯъ моҳи майи соли ҷорӣ бо селу боришоташ барои Тоҷикистон дар умум моҳи вазнину пурофат омад. Аз аввали моҳи май дар ин кишвар алакай қариб 40 нафар қурбони ҳодисаҳои нохуш шудаанд. Наздики 30 нафари онҳо бар асари садамаҳои нақлиётӣ ва беш аз 10 нафари дигар бар асари офатҳои табие, чун селу обхезӣ ҷон додаанд ваё дар об ғарқ шуданд. Ҳамчунин дасти кам 3 нафар ҳангоми чукричинӣ аз кӯҳ афтода, ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 24 майи соли 2024 ду сокини 55-сола ва 30-солаи шаҳри Бохтар (падару писар) ҳангоми тоза кардани як лӯлаи аз партов пуршудаи канализатсия дар наздикии бозори “Фаровон” ҷон бохтанд.

Аввал падар вориди чоҳ шуда, аз нафас кашидани гази метан, ки дар дохили чоҳ ҷамъ шуда буд, аз ҳуш рафта, ба зери чоҳ афтодааст. Писараш ҳавлона худро ба даруни чоҳ андохтааст, то падарашро аз марг наҷот диҳад, вале ӯро ҳам гази метан беҳуш кардааст. Дар натиҷа ҳарду падару писар аз гази метан заҳролуд шуда, дар ҳамон дохили чоҳ ба ҳалокат расиданд.

 Акнун ба ин рӯйхати сиёҳи қурбониёни ҳодисаҳои нохуши моҳи май ин се духтарчаи маъсум афзуда шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button