Додгоҳи ноҳияи Оқбулоқи вилояти Оренбург дар ҷануби Русия як ронандаи 40-солаи мошини боркаш аз Тоҷикистонро бар асоси қисми сеюми моддаи 30 ва қисми чоруми моддаи 291 Кодекси ҷиноятии Русия дар кӯшиши додани пора ба маблағи бузурги 192 ҳазор рубл (тақрибан 2 ҳазор доллар) ба корманди боҷхона (гумрук) гунаҳкор шинохта, ба маблағи 2 миллион рубл, ё тақрибан 22 ҳазор доллар, яъне 11 маротиба бештар аз ҳаҷми пораи додааш ҷарима баст.
Худи ин ронанда барои шарҳи мустақим дастрас нест, вале бино ба ҳукми додгоҳ, ронандаи тоҷик дар гузаргоҳи “Сагарчин” дар марзи Русияву Қазоқистон вақте фаҳмид, ки барои гузарондани молҳояш эъломияи даркориро пур накардааст ва молҳояшро метавонанд мусодира кунанд, ба корманди боҷхонаи Самара дар ивази чашм пӯшидан аз ин ҳолат пора пешниҳод кардааст.
Тафсилоти дигари қазия нашр нашудааст.
Моҳи марти соли 2024 боҷхонаи Самара хабар дода буд, ки як сокини Тоҷикистон ҳангоми ба корманди боҷхона додани пора ба маблағи 192 ҳазор рубл ба даст афтодааст.
Гуфта мешуд, ки ӯ бо мошини боркашаш аз Тоҷикистон ба тарафи Маскав либоси варзишӣ, аз ҷумла кимоно ва дигар либоси гуштингирӣ мебурд. Мошини ронандаи тоҷикро дар гузаргоҳи гумрукии “Сагарчин” барои тафтиш манъ кардаанд.
Дар санадҳояш гуфта мешуд, ки ӯ либосҳои варзиширо барои истифодаи шахсӣ бурда истодааст. Вале тафтиши боҷхона ба хулосае омад, ки миқдори ин либосҳои гуштингирӣ хеле зиёд буда, онҳо барои фурӯшанд, на барои истифодаи шахсӣ.
Шаҳрванди Тоҷикистон он вақт талош кардааст, ки масъаларо бо пул, яъне бо додани пора ҳал кунад, вале ӯро ҳангоми кӯшиши додани пул ба корманди боҷхона дастгир кардаанд.
Он вақт молҳои ӯро ба анбор бурда, ба зидди худаш бо иттиҳоми кӯшиши ба корманди давлатӣ додани пора ба маблағи бузург парванда кушоданд.
Дар бораи сарнавишти он ҳама либосҳои варзишие, ки ӯ бо мошинаш аз Тоҷикистон оварда буд, ягон хабаре дар даст нест.