“ТОЛИБОН ДИГАР ДУШМАНИ РУСИЯ НЕСТ”: БА ПУТИН ПЕШНИҲОД КАРДААНД, КИ ТОЛИБОНРО АЗ РӮЙХАТТИ СИЁҲИ СОЗМОНҲОИ МАМНӮЪ БЕРУН КУНАД
Вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати адлияи Русия ба президенти ин кишвар Владимир Путин пешниҳод кардаанд, ки ҳаракати тундрави “Толибон”-ро аз рӯйхатти сиёҳи созмонҳои дар Русия мамнӯъ хориҷ кунад. Дар ин бора рӯзи 27 майи соли 2024 дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии русии ТАСС мудири департаменти дуюми Осиё дар вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов хабар дод. Ӯ хориҷ кардани Толибон аз рӯйхатти созмонҳои мамнӯъро боз як қадами дигар ба сӯи эътирофи расмии режими нави Толибон дар Афғонистон номид.
Замир Кобулов гуфт, масъалаи аз рӯйхатти созмонҳои мамнӯъ баровардани “Толибон” бо дигар идораҳои давлатии Русия мувофиқат карда шудааст.
Дар посух ба ин суол, ки мавқеи вазорати хориҷа дар ин масъала чӣ гуна аст?, Кобулов гуфтааст ки: “Мусбат”. Дипломати баландпояи Русия афзудааст: “Ин (яъне аз рӯйхатти созмонҳои мамнӯъ баровардани “Толибон”) ҳатмист. Бидуни ин аз эътирофи онҳо ҳарф задан пеш аз вақт мебуд. Аз ин рӯ, ин масъала дар дасти баррасӣ қарор дорад. Ҳамаи мулоҳизаҳо ба роҳбарияти олии Русия ироа шудаанд. Мунтазири қабули қарорем”.
Кобулов гуфт, Русия аз замони дар Афғонистон ба қудрат расидани “Толибон” ҳеҷ гоҳ, ба мисли ҳозир ба эътирофи ҳукумати онҳо ин қадар наздик набуд. “Вале бархе ҷузъиёти алоҳида боқӣ мондааст, ки бояд паси сар шаванд ва баъди он раҳбарияти Русия тасмимашро хоҳад гирифт”, – гуфтааст ӯ.
Кобулов ҳамчунин хабар дод, ки ба “Толибон” барои иштироки ҳайъаташон дар Ҳамоиши байналмилалии Петербург расман даъват фиристодаанд: “Ба онҳо даъватномаҳо ирсол шудаанд. Вале дар бораи дар кадом сатҳ ирсол шудани даъватномаҳо ман ҳанӯз маълумот надорам”.
Замир Кобулов пиромуни дурнамои ҳамкориҳои Русия бо “Толибон” гуфтааст, ки “афғонҳо маъмулан ба идомаи густариши ҳамкориҳо ҷиҳати харидани маҳсулоти нафтӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз аз Русия манфиатдоранд” ва Русия мехоҳад “пиромуни истифодаи имконоти транзитии Афғонистон барои густариши тиҷорат бо минтақа” гуфтугӯ кунад.
Моҳи майи соли 2024 ҳайъати Толибон дар ҳамоиши иқтисодии Қазон низ иштирок дошт.
Замир Кабулов дар ҳукумати Русия яке аз пуштибонҳои асосии сиёсати эътирофи ҳукумати Толибон ва ҳамкории Маскав бо “Аморати исломӣ” шумурда мешавад. Рӯзи 15 майи соли ҷорӣ дар пайи мушовараҳои Русияву Ҳиндустон дар мавзӯи Афғонистон дар Деҳлии нав, Замир Кобулов ҳатто изҳор дошт, ки ҳаракати тундрави “Толибон” дигар душмани Русия нест.
“Ман наметавонам бигӯям, ки толибҳо ба дӯстони рақами яки мо табдил ёфтаанд, вале онҳо дақиқан душмани мо нестанд. Толибҳо рӯирост мегӯянд, ки ба Русия ҳамчун меросхӯри СССР бо боварӣ муносибат мекунанд “, – гуфта буд Кобулов.
Русия дар баробари Ҳинду Эрон дар нимаи дуюми солҳои 90 ва оғози солҳои 2000-ум аз кумаккунандаҳои асосии “Эътилофи шимол” ба раҳбарии фармондеҳи шуҳратёр Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Кумакҳо ба ин эътилоф, ки ба зидди режими қаблии “Толибон” меҷангид, он вақт асосан тавассути қаламрави Тоҷикистон расонда мешуд.
Дар моҳи августи соли 2021 нирӯҳои “Толибон” бо истифода аз хуруҷи бошитоби нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва фирори ҳукумати раисиҷумҳури вақти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳукуматро дар ин кишвари ҷангзада ба дасти худ гирифтанд.
Тоҷикистон билофосила мавқеи мухолифат бо режими нави Толибонро пеш гирифт, вале ин дафъа Русияву Эрон баракс толибҳоро барои нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ва НАТОро водор ба тарки Афғонистон карданашон ситоиш карда, бо онҳо роҳи тамосу ҳамкорӣ ҷустанд. Аз ҷумла Русия алакай дар соли 2022 сафорати Афғонистон дар шаҳри Маскавро ба дасти дипломатҳои фиристодаи “Толибон” супурд.