ПАЁМАДҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ВАРЗОБУ ҲИСОРУ ШАҲРИНАВ, ФАЙЗОБОДУ САНГВОР, ПАНҶУ ФАРХОР ВА БАЛХИВУ ҚУБОДИЁН (ВИДЕО + АКС)
Маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон
Тайи рӯзҳои истироҳати 25 ва 26 майи соли 2024 дар ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон селу ярч ба мардум ва иқтисоди ҷумҳурӣ зарари зиёд расонд.
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Варзоб
25 майи соли 2024, тақрибан соати 13:30 дар ҳудуди деҳаи Шодоб-1 дар ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб сел омада, 15 бино, ҳавлиҳо ва роҳҳоро зери об кард. Дар деҳаи Шодоб-2 сел таҳхонаҳои 5 хонаро пур аз об кард. Наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе обҳои ҷамъшударо аз таҳхонаҳо бо насосҳо берун кашиданд. Барои мустаҳкам кардани садди соҳили дарёи Лучоб бо ҷалби 9 мошин ва 200 нафар сангҳои бузург оварда шуд.
Шаҳринав
25 майи соли 2024, тақрибан соати 12:00, дар ҳудуди деҳаи Файзбахши ҷамоати ба номи Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав сел омад. Алакай 26 майи соли 2024 комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Шаҳринав муайяе кард, ки аз офати табиӣ 216 оила дар деҳаҳои Файзбахш, Ҳаёти Нав, Навбаҳор, Дӯстии ҷамоати ба номи А.Ҳасанов ва маҳаллаи Фирдавсии ҷамоати Боғистон зарар дидаанд. Аз ҷумла 53 хонаи истиқоматӣ, 51 ҳавлӣ, 65 иншооти ёрирасон зери сел монда, аз ин шумор 24 бино пурра ва 22 хона қисман вайрон шудаанд. Ҳамчунин 19,6 гектар пахтазор ва 7 гектар замини кишти картошка зери сол монда, дар деҳаи Ҳаёти нав як пули мошингузар пурра вайрон шуда, пули деҳаи Файзбахш низ хароб шудааст.
Ҳисор
25 майи соли 2024, тақрибан соати 11:30, сел дар деҳаи Гачаки ҷамоати Деҳқонобод дар канори шаҳри Ҳисор ба 59 хона, ҳавлиҳо ва роҳи миёни деҳа зарар расонд. Барои тоза кардани сойи селпарто ва дарёи аз лойқа пуршуда 6 техникаи махсус сафарбар карда шуд. Рӯзи 26 майи соли 2024 дар Гачак бо ҷалби 2 экскаватор 400 метри соҳили дарёро мустаҳкам карда, ҳамчунин як садди баландиаш 5 метр ва дарозиаш 10 метр бунёд карда шуд.
Файзобод
Субҳи 26 майи соли 2024, тақрибан соати 9:50, дар ҷанубуғарби деҳаи Қарашибари ноҳияи Файзобод ярчи дарозиаш 750 метр ва масоҳаташо тақрибан 15-20 гектар фурӯ рехт. Кӯчонидани аҳолӣ ба маконҳои амн шурӯъ шудааст.
Сангвор
25 майи соли 2024, тақрибан соати 15:22 дар деҳаи Ёзганди ҷамоати Тавилдараи ноҳияи Сангвор сел 3 ҳавлӣ ва 5 бинои ёрирасони сокинонро зарар расонд. Барои рафъи оқибатҳои сел 3 техникаи вазнин ҷалб карда шудааст.
Вилояти Хатлон
Фархор
Субҳи 25 майи соли 2024, тақрибан соати 04:3, дар деҳаи Сурхоби ҷамоати Хутани ноҳияи Фархор сел омада, ба хонаву ҳавлиҳои мардум ва заминҳои кишту роҳҳо зарар расонд.
Ҷалолиддини Балхӣ
Субҳи 25 майи соли 2024, тақрибан соати 04:10 дар шаҳраки Калинин 18 ҳавлӣ зери селмонд.
Панҷ
Субҳи 25 майи соли 2024, тақрибан соати 05:10 бар асари боришоти сахт сатҳи об дар сойи селпартои Овзикенг-1 баланд шуда, ба деҳаи 10- солагии Ваҳдати ҷамоати Haмунa сел омад. Дар натиҷа, 14 таҳхона, биноҳои ёрирасон ва ҳавлиҳои мардум зери сел монд. Дар деҳаи 10- солагии Ваҳдат -2 сел ба 14 хонаву ҳавлӣ ва биноҳои ёрирасони сокинон зарар расонд.Ҳамчунин 14 хона, 9 бинои ёрирасон дар деҳаи Зарбдори ҷамоати Haмунa зери сел монда, дар маҳаллаи Кушкияи деҳаи Отчопари ҷамоати Озодагон бар асари сел сатҳи оби канали Келенчӣ боло рафта, 5 хона ва ҳавлиҳои мардумро об зер кард. 26 май дар деҳаи Отчопар ду хонаву ҳавлиро бо таҳхонаҳояшон аз лойқа тоза карда, дар деҳаи 10- солагии Ваҳдат -1 бо ҷалби 4 техника як километри роҳи байни деҳаҳо ва 10 ҳавлиро аз лойқа тоза кардаанд.
Қубодиён
Субҳи 25 майи соли 2024, тақрибан соати 05:30 дар деҳаҳои Заркамар, Чимгилиш ва Рудақулии ҷамоати Заркамари ноҳияи Қубодиён бар асари сел сатҳи оби канали Қабла боло рафта, 7 ҳавлиро сел зер кард.