ВидеоСиёсатТоҷикистонҲуқуқи инсон

НАШРИ РӮЙХАТТИ СИЁҲИ 29 ҲИЗБУ ҲАРАКАТ ВА СОЗМОНҲОИ ДАР ТОҶИКИСТОН МАМНӮЪ

Шуъбаи иттилооти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 27 майи соли 2024 рӯйхатти сиёҳи 29 ҳизбу ҳаракат ва созмонҳоеро, ки фаъолияташон дар ин кишвар ҳамчун созмонҳои ифротӣ ва террористӣ манъ карда шудаасти, нашр кард. Ин ниҳод ба шаҳрвандон хотиррасон кард, ки тибқи қонун, дар Тоҷикистон нафақат фаъолияти ин созмонҳо манъ карда шудаааст, балки воридоти адабиёти марбут ба ин созмонҳо низ мамнӯъ ва сомонаҳояшон дар Тоҷикистон ҳам масдуд карда шуда, дар баробари ин, ҳар навъ ҳамкорӣ ва тамоси шаҳрвандон бо ин созмонҳо низ ҷавобгарии қонуниро дар пай дорад. “Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”, – таъкид шудааст дар иттилоияи Додгоҳи олӣ.

Рӯйхатти сиёҳи Додгоҳи олӣ аз номи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, як ташаккули умдаи оппозитсияи тоҷик оғоз меёбад, ки ҳанӯз дар поёни моҳи сентябри соли 2015, билофосила баъди саркӯби ошӯби мусаллаҳонаи муовини вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, фаъолияташ мамнӯъ гардид ва ин ҳизб ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи ҳам созмонҳои ифротӣ ва ҳам созмонҳои террористӣ шомил карда шудааст.  Ҳизби наҳзат ва ҳамин тавр, ҳаракати оппозитсионии “Гуруҳи 24”, ки соли 2014 ба рӯйхатти созмонҳои мамнӯи ифротӣ шомил карда шуд, Паймони миллии Тоҷикистон, ки моҳи августи соли 2018 дар Аврупо таъсис ёфта, алакай як сол баъд: дар августи соли 2019 фаъолияташ мамнӯъ шуд, чандин бор иттиҳоми “ифротӣ” ва ҳизби наҳзат ва Паймони миллӣ иттиҳоми “террористӣ” буданашонро ба шиддат рад карда, гуфтаанд, ки онҳоро сирф бо мақсади аз саҳнаи сиёсӣ рондани мухолифини ҳукумат бе ягон асос чунин тамғаҳо задаанд. Пойгоҳи иттилоотии “Памир Дейли Нюз” ҳам, ки баъди саркӯби эътирозҳои Бадахшон дар байни ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ афтод, билофосила дар пайи эълони ҳукми манъи фаъолияташ ин ҳукмро “сиёсӣ” ва иттиҳоми “ифротӣ”-ро беасос хонда, гуфта буд, ки вазифаи онҳо танҳо пӯшиши мустақилонаи ҳаводиси Бадахшон буд.

Канали “Новый Таджикистан-2”,  ки дар пойгоҳи Зелло амал мекард ва хусусияти оппозитсионӣ дошт, ва ҳизби тақрибан 25 сол боз аз саҳна ғайбзадаи “Тоҷикистони озод”, ки дар поёни соли 1998, баъди фирорашон ба Ӯзбекистон тарафдорони полковники балвогар Маҳмуд Худойбердиев таъсис дода буданд, низ рӯйхатти сиёҳи созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯъро “зеб” медиҳанд.

Боқӣ 23 созмони мамнӯъ ин созмонҳои мазҳабианд, ки аз ин шумор танҳо якеаш: “Шоҳидони Яҳво” созмони масеҳист ва боқӣ 22 созмони дигар созмонҳои тундрави исломие, ки номашон нафақат дар Тоҷикистон, балки дар бисёре дигар аз кишварҳои мусалмонӣ низ ошност. Аз ҷумла% шабакаи “Ал-Қоида”; Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ; Ҳизби исломии Туркистон (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон); созмони “Бародарони Мусулмон” (Ихвонулмуслимин); Лашкари Таййиба, Ҷамъияти Таблиғ; Ҳизби Таҳрир; равияи динии «Салафия»; Ҷамоати “Ансоруллоҳ”; “Ҷабҳату-н-Нусра”; “Давлати исломӣ” (“Давлати исломии Ироқу Шом”, ДОИШ) ва шохаи имрӯз аз ҳама фаъоли он “Давлати исломии вилояти Хуросон”.

Дар Тоҷикистон дар баробари ин, боз чанд созмони дигари мазҳабиро мамнӯъ эълон кардаанд, ки ҳадди ақал дар ин кишвар чандон ошно ба назар намерасанд. Аз ҷумла “Ҷамъияти исломии Покистон”); “Созмони Таблиғот”; Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ); Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал Ислоҳ ал-Иҷтимоӣ);  Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Ихё ат Тураз ал-Исломӣ); Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал- Ҳарамайн, Дом двух святых); Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург); Ҷиҳоди Исломӣ – Ҷамоати муҷоҳиддин.

Ин рӯйхат дар ҳоле нашр шуд, ки вақтҳои охир зодагони Тоҷикистон ба як манбаи асосии такмили нирӯ барои созмонҳои тундраве, чун ДОИШ ва “Вилояти Хуросон” табдил ёфтаанд ва танҳо дар 3 соли охир дар 11 кишвари дунё 25 ҳамлаи террористӣ анҷом додаанд, ки садҳо куштаву захмӣ ба ҷо гузошт ва номи тоҷикҳоро ба терроризм алоқаманд карда, бадном кард.

Шуъбаи иттилооти Додгоҳи олии Тоҷикистон бо нашри ин рӯйхатти сиёҳ навиштааст: “Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки масъалаҳои зикргардидаро дуруст дарк намояд ва нагузорад, ки фарзандону наздиконашон ба ақидаҳои носолиму иғвоанзези ин созмонҳо пайравӣ намоянд, фирефтаи ақидаҳо ва ташвиқу тарғиби душманонаю ваъдаҳои иғвогаронаи онҳо гарданд. Зеро ақидаю ғояҳои ин гуна ташкилоту равияҳои террористӣ-экстремистӣ ба дини мубини Ислом ва мазҳаби Абуҳанифа иртиботе надошта, таблиғгарони ин созмону гуруҳҳо меъёрҳои Қуръон ва Ҳадисро нодуруст маънидод мекунанд ва Исломро барои амалӣ гаштани ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода мебаранд”.

Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ- экстремистие, ки фаъолияташон дар кишвар манъ карда шудаст

      Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки бо ҳалномаҳои Суди Олӣ 29 адад ҳизбҳо, гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳои зерин ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди кишвар манъ, воридоти адабиётҳо ва сомонаҳои ин ташкилотҳо баста шуданд:

    1.Ҳизби Наҳзати Ислом;

    2.Ташкилоти «Ал-Қоида»;

    3.Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ;

     4.Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати Исломии  

      Узбекистон);

     5.Ҳаракати Толибон;

     6.Ташкилоти Бародарони Мусулмон;

     7.Ташкилоти Лашкар-е-Тайба;

     8.Гурӯҳи исломӣ («Чаъмият –е- Ислам-и Покистон»);

     9.Ҷамъият –е-Табдиғ;

     10.Ташкилоти динӣ-мубаллиғии «Созмони Таблиғот»;

     11.Тоҷикистони Озод;

      12. Ҳизби Таҳрир;      

      13. «Ҳизб-ут-таҳрир»;

       14. Равияи динии «Салафия»;  

      15.Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ»;

      16. Ҳаракати ҷамъияти «Гуруҳи 24»;

       17.Ташкилоти «Давлати исломӣ» («Давлати исломии Ироқу Шом»);

      18. «Ҷабҳату-н-Нусра» («Ҷабҳат ан Нусра»);

      19. «Паймони миллии Тоҷикистон»;

       20. Ҷанги муқаддас (Ал-Ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ);

       21.Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал Ислоҳ ал-Иҷтимоӣ);

       22.Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъияти Ихё ат Тураз ал-Исломӣ);

       23.Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал- Харамейн, Дом двух святых);

       24.Ҷунд аш-Шом (Артиши Шоми Бузург);

        25.Ҷиҳоди Исломӣ – Ҷамоати муҷоҳиддин;

        26. Иттиҳоди экстремистии «Шоҳидони Яҳво»;

        27.Ташкилоти «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News) ё «Памир нюс» (Pamir News);

        28. Ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии вилояти Хуросон»;

        29.Ташкилоти экстремистии «Новый Таджикистан 2».

             Бояд қайд кард, ки тибқи қонунгузорӣ таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

             Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода намешавад.

           Мутаассифона, дар ҷомеа гуруҳҳо ва созмонҳое пайдо мешаванд, ки даст ба қонуншиканиҳо зада, теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоватро барангехта, бо ин амалҳои худ ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятиро халалдор менамоянд.

         Таъсиси ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хилофи талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда буда, мақсади онҳо ба поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, бо истифода аз дини мубини ислом, матбуоти даврӣ ва дигар шабакаҳои ичтимоӣ, даъват намудан барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, халалдорсозии соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ равона шудааст.

            Дар робита ба ин, дар қонунгузории ҷиноятӣ як қатор кирдорҳо ҷиноят эътироф гардида, барои содир намудани онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо пешбинӣ гардидаст.

          Чунончи, моддаи 307Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо муқаррар намудааст.

          Тибқи қисми 2 моддаи мазкур бошад барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (лайк гузоштан, ҷонибдорӣ, паҳн ва таблиғ кардани ғояҳо) ҷавобгарӣ барои содир кардани он бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо муқаррар гардидааст.

        Ҳамчунин дар моддаи 3074 Кодекси ҷиноятӣ барои ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин роҳбарӣ ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз ҷойи таълим, ҷавобгарӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо пешбинӣ карда шудааст.

         Қисми 2 моддаи зикршуда барои ҳамин кирдор, агар: бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад, бо маблағгузорӣ намудани чунин гурӯҳҳо алоқаманд бошад, ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати панҷ сол муқаррар намудааст.

         Тоҷикистон яке аз ташаббускорони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буда, ҳама гуна даъватҳоро вобаста ба халалдорсозии тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ, ҷудоиандозию ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабиро маҳкум менамояд.

         Шаҳрвандони кишвар бояд доданд, ки ҳар шахс вазифадор аст Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

         Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

         Фаромуш набояд кард, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз вазифаҳои шахс ҷудо нестанд. Ҳар шахс дар рафти амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳояш бояд вазифаҳои муайяни ба зиммааш гузошташударо иҷро намояд.

         Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки масъалаҳои зикргардидаро дуруст дарк намояд ва нагузорад, ки фарзандону наздиконашон ба ақидаҳои носолиму иғвоанзези ин созмонҳо пайравӣ намоянд, фирефтаи ақидаҳо ва ташвиқу тарғиби душманонаю ваъдаҳои иғвогаронаи онҳо гарданд.

        Зеро ақидаю ғояҳои ин гуна ташкилоту равияҳои террористӣ-экстремистӣ ба дини мубини Ислом ва мазҳаби Абуҳанифа иртиботе надошта, таблиғгарони ин созмону гуруҳҳо меъёрҳои Қуръон ва Ҳадисро нодуруст маънидод мекунанд ва Исломро барои амалӣ гаштани ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода мебаранд.

     Маҳз ба хотири баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин тарбияи насли имрӯза, омухтану азхуд кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагонамон бояд вазифаи аввалиндараҷаи шаҳрвандон бошад.

       Ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан ҷавонон вазифадор ва масъул мебошанд, ки ҳаргиз ва дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан, миллат ва давлати худ хиёнат накунанд. Фирефтаи тарғибу ташвиқи душманон ва хоинони миллат нагарданд.

       Шуъбаи иттилооти Суди Олии

       Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button