АЗ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ХОСТАНД, КИ ТАЪҚИБИ ХЕШУ ТАБОРИ ЖУРНАЛИСТОНИ “АЗДА ТВ”-РО БАС КУНАД

Кумитаи дифоъ аз журналистон, як созмони байналмилалии қароргоҳаш дар Ню-Йорк рӯзи 24 майи соли 2024 дар як изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки таъқиби хешу табори журналистон шабакаи телевизионии дар Аврупо роҳандозишудаи “Azda TV”-ро бас карда, ба журналистони тоҷике, ки тарки кишвар кардаанд, имкони фаъолияти озод ва бидуни тарс аз таъқибро бидиҳад.
Муассис ва сардабири “Азда ТВ” Муҳаммадҷон Кабиров ба Кумитаи дифоъ аз журналистон хабар дод, ки аз поёни соли гузашта ба ин тараф мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хешу табори 5 корманди ин шабакаро ба далели фаъолияти журналистии онҳо чандин бор даъват ва бозпурсиву таҳдид кардаанд. Кабиров гуфт, фишор ба хешовандони журналистонаш чанд сол боз идома дорад, вале дар моҳҳои охир афзоиш ёфтааст.
Бар илова, номи 4 нафар аз 5 корманди “Азда ТВ” дар рӯйхатти сиёҳи онҳоест, ки ВКД Русия таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Муҳаммадҷон Кабиров гуфт, “ягон ҷои шак вуҷуд надорад”, ки онҳоро дар Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.
Кумитаи дифоъ аз журналистон менависад, созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ пайваста Тоҷикистонро яке аз давлатҳои аз ҳама фаъол дар мавриди таъқиботи бурунмарзӣ мешуморанд. Ин таъқибот шеваҳое, чун куштор, боздошту истирдод ва тарсондани хешу табори дигарандешонро дар бар мегирад. Кумитаи дифоъ аз журналистон ҳамин тавр қаблан ҳам дар бораи чандин ҳолати барои фаъолиятҳои касбиашон таҳти таъқиби мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтани журналистоне, ки тарки кишвар кардаанд, гузориш дода буд.
Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Кумитаи дифоъ аз журналистон дар Ню-Йорк гуфт: “Тоҷикистон таҷрибаи бадномкунандаи яке аз таъқибгарони фаромарзии бераҳмтаринро пеши худ нигоҳ дошта истодааст. Мақомот даҳҳо журналистро ба тарки кишвар водор карда, акнун онҳоро тавассути фишор ба хешу таборашон таъқиб мекунанд. Ягон журналист набояд барои ин, ки наздиконашро зери хатар мегузорад, азоби виҷдон бикашад. Мақомоти Тоҷикистон бояд ин таҷрибаи ваҳшатовари муҷозоти фаромазиро бас кунанд. Журналистоне, ки дар хориҷ фаъолият доранд, дар паҳн кардани хабарҳои мустақил ва муқобила бо пропагандаи Русия дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозӣ мекунанд ва ҳукуматҳои кишварҳои Ғарб ва созмонҳои журналистӣ бояд аз онҳо пуштибонӣ кунанд”.
Шабакаи телевизионии “Azda TV” соли 2019 дар Полша таъсис ёфта, барномаҳояшро асосан дар Ютуб пахш мекунад. Каналҳои тоҷикӣ ва русии “Азда ТВ” дар Ютуб 180 ҳазор обуначӣ доранд. Муҳаммадҷон Кабиров гуфт, дастрасӣ ба сомонаи “Азда” дар Тоҷикистон масдуд карда шудааст.
Муҳаммадҷон Кабиров ба Кумитаи дифоъ аз журналистон хабар дод, ки тайи моҳҳои охир мақомоти милитсия ва додситонии Тоҷикистон падар, падарарӯс ва хушдомани ӯро “даҳҳо бор” даъват карда, фишор овардаанд, то онҳо ӯро мутақоид бисозанд, ки фаъолияташро бас карда, ҳамроҳи ҳамсараш ба Тоҷикистон баргардад. Кабиров гуфт, падарарӯси ӯ, ки 72 сол дошт, як рӯз баъди ке аз ин даъватҳо аз сактаи қалб ҷон дод, вале ӯ дақиқан гуфта наметавонад, ки оё иллати марги ӯ фишори мақомот буд ё хайр?
Мақомоти Тоҷикистон ҳамин тавр, хешу табори муҷриёни “Азда ТВ” Фирӯзи Ҳайит ва Шуҳрати Раҳматулло ва журналистони ин шабака Амрулло Низомов ва Маҳмадшариф Мағзумзодаро ҳар моҳ то 2 ило 3 маротиба дар робита ба фаъолияти журналистии онҳо даъват мекунанд. Амрулло Низомов ба Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфт, ки моҳи сентябри соли 2023 мақомот ду бародари ӯро як ҳафта ба ҳабс гирифта, латтукӯб кардаанд ва аз ҳамон вақт ҳар сари чанд вақт даъват мекунанд. Ӯ ин фишорҳоро ба фаъолияташ дар “Азда” ва мақолаҳои танқидиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба мисли расонаҳои дигар “Азда ТВ”-ро “ифротӣ” эълону расман манъ накардаанд, вале дар соли 2022, вақт журналисти тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карданд, як иттиҳомаш обуна шудани ӯ ба канали “Азда ТВ” дар Ютуб будааст. Дар ҳукми додгоҳ гуфта шуда буд, ки “Азда ТВ” ба созмонҳои оппозитсионии “ифротӣ ва террористӣ” алоқаманд аст.
Бархе журналистони “Azda TV” ҳамроҳ бо даҳҳо журналисти тоҷики дигар солҳои 2015-2017 дар пасманзари таъқиботе, ки кишварро дар пайи манъи фаъолияти ҳизби наҳзати ислосмии Тоҷикистон (ҲНИТ) фаро гирифт, тарки кишвар карда буданд.
Муҳаммадҷон Кабиров ва чанд ҳамкораш аз пайвандони роҳбарони аввал ҲНИТ, ки ё дар хориҷ аз Тоҷикистон ваё дар зиндонанд, мебошанд. Хешу табори онҳо дар гузашта ба далели риштаҳои хешу табориашон бо роҳбарони оппозитсия низ таҳти таъқиб қарор мегирифтанд, вале ҳоло онҳо мутмаинанд, ки таъқиботи ахир маҳз ба фаъолияти журналистиашон рабт дорад.
Муҳаммадҷон Кабиров мегӯяд, тайи ду соли охир, ки матлабҳои “Азда ТВ” оҳанги бештари таҳлилӣ гирифтанд, тахқиботи зидди онҳо афзоиш ёфта буд, вале дар пайи ду сафари охири президенти Тоҷикистон ба Аврупо дар сентябри соли 2023 ва апрели соли 2024 авҷи боз ҳам бештар гирифт.
Кумитаи дифоъ аз журналистон қаблан аз таҳти таъқиби мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтани хешу табори журналистон Ҳумайро Бахтиёр, Мирзо Салимпур, Анора Саркорова хабар дода буд. Соли гузашта Шавкатҷон Шарипов (Шавкати Муҳаммад), раҳбари “Паём ТВ” хабар дод, ки бародарашро барои фаъолиятҳои ӯ бо як иттиҳоми сохта аз Русия истирдод ва дар Тоҷикистон зҳиндонӣ карданд.
Моҳи феврали соли 2024 нашрияи мустақили русии “Медиазона” рӯйхатти пурраи афроди таҳти ҷустуҷӯи ВКД Русия қарордоштаро нашр кард. Кумитаи дифоъ аз журналистон дар ин рӯйхат исми камаш 10 журналисти тоҷикро ёфт. Аз ҷумла: Муҳаммадҷон Кабиров, Шуҳрати Раҳматулло, Маҳмадшариф Мағзумзода ва Амрулло Низомов аз “Азда ТВ”, Шавкатҷон Шарипов, Абдуманон Шералиев, Таҳмина Бобохонова ва Сойма Саидова аз “Паём”; Mуҳаммадиқболи Садриддин (Садурдинов), муассиси “Ислоҳ ТВ”, шоиру журналист ва сиёсатмадор Темур Варқӣ, журналистони зодаи Бадахшон Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ…
Муҳаммадҷон Кабиров гуфт, онҳо дар мавриди дар Тоҷикистон ба зиддашон боз шудани парвандаҳо хабар надоштанд, вале аз дидани номи худ дар рӯйхатти афроди таҳти ҷустуҷӯ ҳайрон ҳам нашуданд. “Ҳукумати Тоҷикистон барои таъқиби фаъолон ва журналистон аз тамоми василаҳо истифода мебарад”, – гуфт Кабиров ва афзуд, ки журналистони “Азда ТВ” ба хотири пешгирӣ аз хатари боздошт ва истирдодашон ба Тоҷикистон “маъмулан аз сафар ба кишварҳои Шӯравии собиқ худдорӣ мекунанд”.
Кумитаи дифоъ аз журналистон барои шарҳи ин масъала тавассути почтаи электронӣ ба ВКД ва Додситонии кулли Тоҷикистон расман нома фиристодааст, вале ягон ҷавоб нагирифтааст.