Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки алакай рӯзи 22-юми майи соли 2024 нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз муҳлат ба анҷом расид. Дар чанд соли охир ин бори аввал аст, ки вазорати мудофиа аз иҷро шудани нақша ва он ҳам пеш аз муҳлат гузориш медиҳад.
Полковник Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар гузориши ҷамъбастиаш гуфт, аз 1-уми апрел то 22-юми майи соли 2024 нахуст вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъдан чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ниҳоятан, вилояти Суғд оид ба иҷрои 100 фоизаи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи артиш гузориш доданд.
Аммо, афзуд сухангӯи вазорати мудофиа, бо вуҷуди пеш аз муҳлат ва 100% иҷро шудани нақша, “фаъолияти мақомоти масъули вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё худ комиссияҳои даъватӣ то охири моҳи майи соли равон идома меёбад”. Ӯ “бо мақсади баррасии муроҷиати шаҳрвандон”-ро сабаби то поёни моҳ идома ёфтани фаъолияти комиссияҳои даъват номид.
Полковник Маҳмадализода гуфт, ҷараёни мавсими баҳорӣ ба далоиле, чун “зиёд будани шумораи шаҳрвандони ихтиёрӣ, ба хусус муроҷиати ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, ки хоҳиши шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро доранд”, “ташкили ҳамкории зич бо мардум” ва ба назар нарасидани “монеаву мушкилот дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ” хуб арзёбӣ карда мешавад.
Нозирон низ мегӯянд, ба фарқ аз мавсимҳои қаблӣ дар ҷараёни мавсими баҳории имсола шикоятҳо дар бораи “облава”, яъне маҷбуран аз кӯчаву бозорҳо доштану ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурдани ҷавонони синну соли даъватӣ, тақрибан ба гӯш намерасид. Вале шикоятҳои зиёде ба даст мерасид, ки бархе масъулон падару модарони ҷавонони синну соли даъватиро, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, “доля” бастаанд.
Сухангӯи вазорати мудофиа дар гузориши ҷамъбастиаш бори дигар аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикободи водии Рашт, ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод ва Носири Хусрави вилояти Хатлон ситоиш кард, алакай рӯзи 1 апрел, дар рӯзи нахустини мавсими баҳорӣ нақшаҳои худро оид ба даъвату гусели ҷавонписарон ба сафи артиши миллӣ пурра иҷро карданд.
Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.
Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирифт. “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.
Ҳамин тавр, мақомот гоҳо волидони ҷавонони даъватшавандаеро, ки дар мардикорӣ дар Русияанд, “гаравгон” мегирифтанд ва танҳо баъди бозгашти фарзандашон аз Русияву ҳозир шудани ӯ ба комиссариати ҳарбӣ волидонро ҷавоб медоданд.
Вақтҳои охир мақомот аз усули нав кор гирифта, интиқоли нирӯи барқро ба ин ё он минтақа қатъ карда, шарт мегузоштанд, ки танҳо дар сурати иҷрои нақшаи даъват, яъне аз ҳар ҷо, аз ҷумла аз Русия баргардондану ҷамъ овардан ва ба хидмат фиристодани ҷавонони сокини ин минтақа, барқи онҳоро аз сар хоҳанд дод.
Дар ҷомиа чунин шеваҳои маҷбуран ба саффи артиш бурдани ҷавононро маҳкум мекарданд ва мегуфтянд, мақомоти ҳарбӣ бояд шароитро дар артиш хубтар кунанд, то ки волидон бо дили пур фарзандонашонро ба хидмат равон кунанд ва ҷавонон низ аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд. Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин шеваи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.
Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд. Мақомот низ бар ин бовар буданд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.
Аммо аз 1 сентябри соли 2023 маблағи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон қариб 2 маротиба боло бурда шуда, имсол то 54 ҳазор сомонӣ расид, ки ба бовари аксар, хеле зиёду миёншикан буда, шумораи талабгорони хидмати алтернативиро кам ва дигарбора деги коррупсияро дар комиссариатҳои ҳарбӣ гарм мекунад.