ҲАВОПАЙМОИ ПЕТЕРБУРГ – ХУҶАНД ДАР НИМИ РОҲ ТАЪҶИЛАН ДАР САМАРА НИШАСТ

Нимашаби 23 майи соли 2024, соати 02:16 ба вақти Самара ҳавопаймои тамғаи “Аэробус А321”-и ширкати ҳавопаймоии русии “Уральские авиалинии”, ки аз фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, ба далели хуруҷи бемории як мусофираш маҷбур шуд, ки парвози худро қатъ карда, ба таври таъҷилӣ дар фурудгоҳи Курумочи шаҳри Самара фуруд биояд.
Дар ин бораTelegram-канали Aviaincident, ки ҳодисаҳои фавқулодда дар фурудгоҳҳо ва ҳангоми парвозҳоро пайгирӣ мекунад, хабар дод.
Бино ба иттилои ин канал, ҳавопаймои мусофиркаш аз “пойтахти шимолии Русия” ба “пойтахти шимолии Тоҷикистон” раҳсипор буд, вале дар ними парвоз вазъи саломатии яке аз мусофирон бад шуд ва сархалабон тасмим гирифт, ки дар ягон фурудгоҳи сари роҳ фуруд биояд.
Aviaincident менависад, ки сархалабон бонги изтироби “Таъҷилӣ” ё “Ҳодисаи нохуш” назадааст ва танҳо хостааст, ки баробари расидан ба назди ҳавопаймо мошини “Ёрии таъҷилӣ” –ро бо табибон бифиристанд. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо бидуни мушкил дар Курумоч нишаст ва мусофири беморро табибон пешвоз гирифтанд.
Бино ба маълумоти пойгоҳи интернетии FlightAware, ки парвозҳо дар саросари дунёро пайгирӣ мекунад, ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” дар фурудгоҳи Самара субҳи 23 май соати 04:07 нишаст ва соати 05:36, яъне баъди якуним соат аз инҷо ба қасди Хуҷанд дигарбора ба парвоз хест. Ин манбаъ хабар дод, ки ҳавопаймо ин дафъа бидуни ягон мушкил субҳи 23 май, соати 09:07 бо 2 совти 40 дақиқа таъхир ба фурудгоҳи Хуҷанд расид.
Қариб ҳар моҳ дар бораи нишастҳои изтирории ҳавопаймоҳое, ки аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, хабарҳо ба гӯш мерасанд. Дар аксари ҳолатҳо ҳавопаймоҳо ба далели ногаҳон хуруҷ кардани бемории мусофиронашон парвози худро қатъ мекунанд.