ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ СЕ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 700 ҲАЗОР СОМОНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз се ҳолати қаллобӣ ба маблағи тақрибан 700 ҳазор сомонӣ сомонӣ хабар дод.

Аз ҷумла ба ШВКД ноҳияи Шаҳринав аризаи марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 3-юми марти соли 2024, марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як мошини тамғаи “Кемри-3”-ро ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, 50 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 100 ҳазор сомониашро то ҳол надодааст.

 Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 10-уми июли соли 2023, марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 126 ҳазор сомонӣ барои харидорӣ намудани дарҳои манзили истиқоматӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 60-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда, моҳи октябри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 200 ҳазор сомонӣ ва як мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро ба маблағи 225 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз маҳаллаи “колхози Россия”-и ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматиро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо ваъдаашро иҷро накарда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Зарари расонидашуда ба соҳиби мошин 425 ҳазор сомонӣ,  ё қариб 40 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Тафсилоти дигари ин 3 қазия дастрас нест. ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Қаллобӣ баъди дуздӣ дуюмин навъи аз ҳама роиҷи ҷиноят дар Тоҷикистон ба шумор мешавад. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ наздики 3 ҳазор ҳолати қаллобӣ сабт карда мешаванд ва амалан қариб ҳар ҷинояти ҳаштуми дар Тоҷикистон содиршуда ин қаллобӣ мебошад. Бино ба омори ВКД, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 2762 ҳолати қаллобӣ ва соли 2022 бошад 2882 қаллобӣ сабт шуда буд.

Вале коршиносон мегӯянд, боз ҳам омори расмӣ тамоми ҳолатҳои мавҷудаи қаллобиро дар Тоҷикистон инъикос намекунад. Дар бархе ҳолатҳо ҷабрдидаҳо муроҷиат ба мақомотро беасар шумурда, то охир кӯшиш мекунанд, ки масъаларо бо худи қаллоб ё наздиконаш ҳал кунанд. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки кормандони мақомот аз сабти аризаи ҷабрдидаҳо аз қаллобӣ саркашӣ мекунанд. Аз ҷумла агар дар паси нафар ё нафарони муттаҳам ба қаллобӣ пуштибонҳои пурнуфуз истода бошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button