ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷиронҶанг дар Украина

МУҲОҶИРИ ТОҶИК БАРОИ ҶАРОҲАТАШ ДАР ҶАНГИ УКРАИНА 3 МИЛЛИОН РУБЛ РӮЁНД

Додгоҳи ноҳияи Новосибирски Русия ахиран даъвои як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Украина захмӣ шуда буд, қонеъ гардонда, комиссариати ҳарбии вилояти Новосибирскро муваззаф сохт, ки ба ӯ ба маблағи 3 миллион рубл (чизе бештар аз 33 ҳазор доллар) ҷуброн пардохт кунад.

Дар ин бора рӯзи 22 майи соли 2024 нашрияи маҳаллии Сиб.фм аз қавли вакили мудофеи ин ҷавони тоҷик хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, Аҳмад (номи ҷавони тоҷик бо дархости ӯ тағйир дода шудааст) чанд сол боз дар Новосибирск зиндагӣ мекунад. Дар баҳори соли 2022, баробари оғози ҷанги Украина ӯ бо мақомоти Чеченистон қарордод баста, ба ҷанг рафт.

Адвокати Аҳмад Марина Шевченко мегӯяд: “Дар ҳайъати як воҳиди ихтиёриён аз ҷумҳурии Чеченистон ӯро ба минтақаи амалиёти ҷангӣ фиристоданд. Ӯ баъди як моҳ ҷароҳати вазнин бардошта, дар бемористонҳои гуногуни вазорати мудофиаи Русия табобат мегирифт. Дар ниҳоят ба вай ба сабаби ҷароҳати гирифтааш мақоми маъюби гуруҳи 2 доданд. Аҳмад баъди анҷоми табобат дар баҳори соли 2023 ба таври сода шаҳрвандии Русияро ба даст овард. Барои ҷароҳаташ ба ӯ ҷуброни аз тарафи волии вилоят ҷудошударо ҳам бидуни чуну чаро доданд, вале ӯ як соли тамом давутоз кард, то ҷубронеро, ки президенти Русия барои маҷруҳон муқаррар кардааст, бигирад. Азбаски Аҳмад хидматчии ҳарбӣ набуд, барои ҷуброн ба комиссариати ҳарбии вилояти Новосибирск муроҷиат кард, вале ҷавоби рад гирифт. Сабабаш гӯё ин буд, ки ҳангоми захмӣ шуданаш ӯ бо вазорати мудофиа қарордод надошт”.

Дар пайи посухи рад додани ниҳодҳои давлатӣ Аҳмад ба ҳуқуқдон Марина Шевченко муроҷиат кард ва бо кумаки ӯ ба додгоҳи ноҳияи Новосибир аризаи даъвогӣ дод. Ба Шевченко ва Аҳмад муяссар шуд, ки мурофиаро бубаранд.

Марина Шевченко мегӯяд: “Бо қарори додгоҳи ноҳияи Новосибирск, талабҳои Аҳмад қонеъ гардонида шуда, далели иштирокаш дар ҳайъати воҳиди ҳарбии ихтиёриён муайян карда шуд ва аз комиссариати ҳарбии вилоят пули ҷуброн барои ҷароҳаташ рӯёнда шуд. Ҳоло мо талош дорем, ки барои ҷароҳати вазнинаш пули суғуртаро ҳам бирӯёнем. Ба наздикӣ дар ин масъала мурофиа доир мешавад”.

Вале, менависад Сиб.фм, Аҳмад то ҳол пули ҷуброни ҷароҳаташро дар даст нагирифтааст ва ҳамчунон идора ба идора даводав дорад.

Бино ба маълумоти ин нашрия, қазияи Аҳмад яке аз нахустин қазияҳоест, ки як зодаи Тоҷикистон тавонист билохира аз тариқи додгоҳ ҷуброни пешбинишуда барои иштирокчиёни ҷанги зидди Украинаро бирӯёнад. Сиб.фм менависад, чандин иштирокчии дигари ин ҷанг, ки дар Русия ҳамчунон сарсахтона СВО номаш мебаранд, ҳеҷ наметавонанд ҳаққи худро аз комиссариатҳои ҳарбӣ ба даст биоранд. Аз ҷумла Тихон Седов ном сокини Новосибирск, ки дар ҷанги Украина аз як қисми косахонаи сараш маҳру шудааст, баъди давутози зиёди бенатиҷа маҷбур шуд, ки мустақиман ба президенти Русия Владимир Путин муроҷиат кунад.

Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Мақомоти Русия бо ваъдаи имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла пули зиёд ҳамчун ҷуброн ва ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро ба ҷанги зидди Украина бурдааст. То имрӯз дар бораи ҳалокати тақрибан 100 зодаи Тоҷикистон дар Украина хабарҳо ба даст расидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button