ДОНИШҶӮИ ҲИНДУСТОНӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ҒАРҚ ШУД
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 22 майи соли 2024 боз ду нафар, аз ҷумла як шаҳрванди хориҷӣ, ғарқ шудаанд.
Рӯзи 22 май, соати 12:20 ба қисми навбатдории Кумита занги изтиробовар омад, ки дар канали селпартои деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара як хориҷӣ ғарқ шудааст.
Наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса омада, муайян карданд, ки як гуруҳи донишҷӯён дар инҷо оббозӣ мекарданд ва ба гуфтаи онҳо, як ҳамсабақи онҳо аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд.
Ҷустуҷӯи ҷасад 6 соат тӯл кашида ва танҳо соати 18:20 ҷасади донишҷӯро 3 метр пойинтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, ба мақомот супурданд. Ӯ 25 сол дошта, аз шаҳри Кералаи Ҳиндустон будааст ва дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил мекардааст. Аз қазо рӯзи 22 май ин донишҷӯи хориҷӣ ҳамроҳи ҳамсабақонаш ба ноҳияи Данғара барои истироҳат омадааст.
Ҳодисаи нохуши дуюм дар шимоли кишвар рух дод. Нимаи дуюми 22 май, тақрибан соати 17:30, сокини 30-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ки бо гидросикл дар “Баҳри Тоҷик” (обанбори нирӯгоҳи Қайроққум) шино мекард, ба далели риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дучори садама гардид ва ғарқ шуд.
Наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса омада то соати 21:30 ҷасади ин ҷавонро ҷустанд, вале бенатиҷа. Ҷустуҷӯи ҷасад субҳи 23 май аз сар гирифта шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ду ҳодиса бори дигар ба сокинон хотиррасон кардааст, ки мавсими оббозӣ ҳанӯз сар нашудааст ва ҷони худро ба хатар наандозанд.
Моҳи майи соли ҷорӣ бо селу боришоташ барои Тоҷикистон дар умум моҳи вазнину пурофат омад. Аз аввали моҳи май дар ин кишвар алакай қариб 40 нафар қурбони ҳодисаҳои нохуш шудаанд. Наздики 30 нафари онҳо бар асари садамаҳои нақлиётӣ ва беш аз 10 нафари дигар бар асари офатҳои табие, чун селу обхезӣ ҷон додаанд ваё дар об ғарқ шуданд. Ҳамчунин дасти кам 2 нафар ҳангоми чукричинӣ аз кӯҳ афтода, ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ва 36 зану духтар ғарқ шуданд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.