ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ВОРОНЕЖ ЯКБОРА 5 КОРГАРИ ТОҶИК АЗ БОМ АФТОДААНД. ХУШБАХТОНА, ҲАМА ЗИНДААНД

Шоми 17 майи соли 2024 якбора 5 коргар аз боми як сохтмони нотамом дар кӯчаи Беговая дар ноҳияи Коминтерни шаҳри Воронежи Русия ба замин афтода, хушбахтона, зинда мондаанд. Дар ин бора нашрияи маҳаллии “Вести Воронеж” бо такя ба манбааш хабар дод.

Бино ба иттилои ин нашрия ҳамаи осебдидаҳо шаҳрвандони Тоҷиктстон буда, аз 21 то 3 1 доранд ва ҳамаи онҳо ҳоло дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Дар идораи тафтишоти Воронеж ин ҳодисаро тасдиқ карда гуфтаанд, коргарони осебдида аз як ширкати сохтмонӣ буда, дар сохтмони нотамоми воқеъ дар кӯчаи Беговая корҳои сохтмониро анҷом медоданд

– Дар робита ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад. Бар асоси натиҷаҳои тафтиш дар мавриди кушодан ё накушодани парванда тасмим гирифта хоҳад шуд, – гуфтаанд дар раёсати тафтишоти Воронеж.

Тафсилоти дигари ҳодиса ва вазъи саломатии ин 5 коргару мушаххасан чӣ ҷароҳатҳое бардоштани онҳо маълум нст. Худи ин коргарон ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Ширкати корфармои онҳо ва ҳамин тавр, ҷамъияти тоҷикони Воронеж то кунун ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Воронеж шаҳрест, ки дар фосилаи каме бештар аз 300 километр аз марзи Русия бо Украина ва дар фосилаи тақрибан ҳамсони камокон 500 километр ҷанубтари Маскав ва дар ғарби Саратову шимоли Волгоград ҷойгир шудааст. Шумораи аҳолии Воронеж дар соли ҷорӣ ба як миллион нафар расид.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Пулҳои фиристодаи онҳо як манбаи умда ва муҳими таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон, фақиртарин кишвари собиқ СССР дониста мешаванд.

Ҳар сол дар Русия то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ҷони худро аз даст дода, чанд ҳазор нафари дигар маъюбу мариз мешаванд. Фалокатҳо ва ҳодисаҳои нохуш дар ҷои кор ва ҷои зист як иллати умдаи маргумир ва маъюбу мариз шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button