ВидеоКоррупсияТоҷикистон

ДАР ҚУБОДИЁН НОЗИРИ МИНТАҚАВӢ  АЗ ЯК СОКИН 66 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 23 майи соли 2024 аз анҷоми тафтиши пешакии парвандаи як корманди милитсияи ноҳияи Қубодиён хабар дод, ки аз як сокин 66 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 6 ҳазор доллар пора гирифтааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, “дар натиҷаи гузаронидан чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян карда шуҷд, ки Давлатзода С.Д. дар вазифаи нозири минтақавии шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи Қубодиён кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр моҳи октябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Э.А. даромада, аз номбурда бо баҳонаи сафарбар намудани наберааш Э.М.А. ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ маблағи 66 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.   Зимнан, Давлатзода С.Д. медонист, ки ваколати сафарбар намудани шаҳрвандро ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ надорад, вале дидаву дониста ҳамон вақт аз шаҳрванд Э.А. маблағи 66 ҳазор сомониро гирифта, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накардааст ва маблағҳои гирифтаашро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф карда, ба ин тариқ тасарруф кардааст”.

 “Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои давлатии сафарбарӣ” ин ҳамон хидмати алтернативӣ аст, ки дар пайи ҳамагӣ як моҳи хидмат шаҳрвандон метавонанд билети ҳарбӣ бигиранд. Вале нархи чунин хидмати “экспресс” арзон нест ва имсол 54 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Давлатзода С.Д. бо моддаи 247, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардидааст. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҷаримаи ҳангуфт ваё то 8 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Худи Давлатзода С.Д. ё наздиконаш барои шарҳи ин қазия дастрас нестанд.

Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари кормандони давлатие, ки парвандаҳояшон бо иттиҳоми қаллобӣ  ҷамъбаст карда мешавад, дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд. Бовар меравад, ки ин ҳукмҳои сабук дар ивази пораҳои гарон ба даст меоянд.

Аммо чунин сурати ҳол, ба ақидаи нозирони умур, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ наметавонад бо коррупсия, ки ба як таҳдиди ҷиддӣ дар роҳи пешрафташ табдил ёфтааст, пирӯз шавад, зеро мансабдорони дасташон қалб эҳсоси боварӣ пайдо кардаанд, ки ҳатто дар сурати ба даст афтодан метавонанд “ягон сӯм дода, халос шаванд”.

Тоҷикистон аз давлатҳои аз ҳама фасодзадаи дунё ба шумор меравад. Дар раддабандии имсолаи созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” Тоҷикистон якбора 12 зинда поён рафта, дар байни 180 кишвар дар мақоми 161, яъне дар байни 20 давлати аз ҳама фасодзадаи ҷаҳон ҷой гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button