БОЗДОШТИ ДАҲҲО СОКИНИ ЯЗГУЛОМ БО ИТТИҲОМИ ОМОДАГӢ БА “ҲАМЛАҲОИ ДИВЕРСИОНӢ”
Ду расонаи Pamir Inside ва Azda TV, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият доранд, рӯзҳои 22 ва 23 майи соли 2024 бо такя ба манобеи худ дар бораи боздошти даҳҳо сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳарду расона аз боздошти ҳудуди 20 сокини деҳаи Жамаг ва тақрибан 15 тани дигар аз деҳаи бо Жамаг ҳамсояи Андарбаг ва интиқоли аксари онҳо ба Душанбе барои бозҷӯиву бозпурсӣ ҳарф мезананд. Pamir Inside иддао дорад, ки ҷамъи боздоштшудаҳо дар дараи Язгулом дар ҷараёни амалиёти нави КДАМ то ба 50 нафар мерасанд. Ин нашрия, ки асосан масоили Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 23 май рӯйхатти 16 тан аз дастгиршудагонро ҳам нашр кард, ки дар байнашон аз ҷумла номҳои як нафари дар Язгулом пурнуфуз бо номи Лайлиев Дилбаршо ва писари ӯ Қориҳамза, бародарон Фазлиддин ва Аслиддин Хӯҷаевҳо, бародарон Муҳиддин ва Бурҳониддин Ҷавҳаровҳо, Фарҳод Шайхов, Наврӯз Сабзаалиев, Назрихудо Ҳукмихудо ҳаст.
Ба гуфтаи манбаи Азда ТВ, аксари сокинони Язгулом рӯзи 16 май дастгир шуда ва то 18 май ба Душанбе бурда будаанд. Ӯ мегӯяд, Дилбаршо Лайлиев, ки ҳамроҳи писараш дастгир шуд ва дар байни язгуломиҳо аз нуфузи зиёде бархӯрдор аст, тоза аз Русия омада буд.
Ин манбаъ дар бораи боздошти бародарон Хӯҷаевҳо чунин тафсилот додааст: “Кормандони амният як нафарро ба исми Хоҷаев Аслиддин ба дасташ завлона заданд ва макони кадом силоҳеро аз вай талаб карданд, вале дар роҳ корманди амният ва Аслиддин аз баландӣ ба дарёи Язгулом афтиданд. Баъдан ҳам Аслиддин ва ҳам корманди амниятро бо чархбол ба Душанбе интиқол доданд“. Бар асоси рӯйхати Pamir Inside бародари Аслиддин Хӯҷаев бо номи Фазлиддин ҳам боздошт шудааст.
Дар бораи сабаби боздошти даҳҳо сокини Язгулом маълумоти дақиқе дар даст нест. Манбаи Азда ТВ иддао дорад, ки ҳадафи мақомот дастгир кардани афроди дар байни мардуми Язгулом баобрӯву бонуфуз ва “шикастани чунин ҷавонмардҳо аст”.
Манбаи Pamir Inside гуфтааст, ки мақомоти амниятӣ гӯё дастгиршудашонро ба пинҳон кардани силоҳ ва омодагӣ ба анҷоми амалҳои диверсионӣ айбдор мекунанд, вале барои исботи ин иттиҳомот ягон далел наовардаанд.
КДАМ то кунун боздоштҳои ахир дар дараи Язгуломро расман ягон шарҳ надодааст.
Язгулом аз ибтидои солҳои 90 як пойгоҳи умдаи мухолфини ҳукумати Тоҷикистон дониста мешуд. Раҳим Нуруллобеков, яке аз нахустин “генералҳои мардумӣ” дар майдони Шаҳидон, ки баъдан бо ҷурми раҳбарии сӯиқасди мусаллаҳона ба ҷони додситони куллии он даврон Нурулло Ҳувайдуллоев ба қатл маҳкум шуд, зодаи Язгулом буд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ низ чанд фармондеҳи умдаи мухолифин ва ҳамин тавр, як хайли бузурги размандагони Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин зодагони Язгулом буданд. Шоҳкарими Наим (Шухов), яке аз раҳбарони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки мақомот ӯро ба бурдани ҷавонони Язгулом ба тамрингоҳҳои диверсионӣ дар Эрон айбдор мекарданд, низ аз Язгулом аст.
Мақомот ҳар сари чанд вақт дар Язгулом амалиёти поккорӣ анҷом дода, афроди ба назарашон машкуку шубҳабарангезро боздошт ва зиндонӣ мекунанд.
Бори охир дар Язгулом дар поёни моҳи апрели соли 2023 чунин як амалиёти зиддитеррористӣ доир карда буданд. Он вақт гуфта мешуд, ки чанд ҷангҷӯи мусаллаҳ аз гуруҳи тундрави “Ҷамоати Ансоруллоҳ” аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузашта, дар кӯҳҳои Язгулом пинҳон шудаанд. Мақомот баъдан гуфтанд, ки ҳарду марзшикан кушта шуданд.

