БО САНГ ХУНШОР КАРДАНИ САРИ БАРОДАР, ҒОРАТИ ПУЛУ ТЕЛЕФОНИ ЯК ПИРАЗАН ВА БАРХӮРДИ МАРГБОРИ МОТОСИКЛ БО “ЛЕКСУС”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 23 майи соли 2024
Бо санг расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба бародар

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Ашт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда 11-уми майи соли 2024, тахминан соати 18:10-дақиқа, дар ҳолати мастӣ бо бародараш марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо санг як маротиба ба сари ӯ зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани ҳодисаи ғоратгарӣ нисбати зани 67-сола

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 67-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 9-уми марти соли 2024, тахминан соати 20:00, дар кӯчаи Лутфии шаҳри Душанбе шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз дасташ 500 сомонӣ, 1-адад ҷузвдон, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми нот 4х» ва якчанд кортҳои гуногуни бонкиро бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 780 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ҳалокати ронандаи мотосикл ва дучархарон дар садама

22-юми майи соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “GSX Suzuki”, Сармисоқов Холбой Ҷойлобович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи мототсикл набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи тамғаи “Лексус RX 400”, таҳти идораи Бобоев Ғолибҷон Носирхонович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Сармисоқов Х.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
22-юми майи соли 2024, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА-Спортеҷ», Ҳамроев Ғайрат Восидович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри мазкур, дучархарони ноболиғ Юсупов Бахтовар Абдумаликович, соли таваллудаш 2010, сокини ҳамин шаҳрро, ки дар роҳи дуюмдараҷа ҳаракат мекард, пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархарони ноболиғ Юсупов Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷимонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

