ИқтисодТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ТАНҲО ДАР НУРОБОД 77 ОИЛА АЗ СЕЛҲОИ АХИР ЗАРАР ДИДААНД

21 майи соли 2024 гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон якҷо бо комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Нуробод муайян кард, ки дар ин ноҳияи водии Рашт дар шарқи ҷумҳурӣ аз офатҳои табиии рӯзҳои охир 77 оила зарар дидаанд. Аз ҷумла, 8 хоҷагӣ пурра, 4 хоҷагӣ қисман ва ба 23 иншооти ёрирасон низ бар асари офатҳои табиӣ зарар расидааст.

Бо ёрии 1 адад техникаи муҳандисӣ дар тӯли 2 км роҳ аз соҳили дарёи Сурхоб то деҳаи Яхак ҳамвор карда шуд. Ҳамчунин бо иштироки 280 сокини деҳа хашар ташкил карда шуда, кӯчаҳо ва роҳҳо аз гилу лой тоза карда шуд.

Бо мақсади мустаҳкам кардани қаламрави атрофи пули мошингузари деҳаи Яхак, Кумита 410м2 симтури габионовӣ ва 5000 литр сӯзишвории дизелӣ ҷудо кард, ки барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ истифода мешавад.

Ба оилаҳое, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, 10 маҷмӯи асбобҳои ошхона ва 10 бастаи беҳдоштӣ ҷудо карда шуд. Илова бар ин, аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида 3 маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.

Ба сокинони осебдидаи ноҳияи Тоҷикобод хӯрока ва матрасҳо кумак карда шуданд. 

Корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ таҳти роҳбарии кормандони Кумита идома доранд.

Ҳамчунин, бо сабаби боронҳои шадиди рӯзҳои 16-18 майи соли 2024 ба километрҳои 1, 9, 11, 13, 14, 15, 18, 21, 36, 39, 43, 44, 45, 46 ва 55  роҳи мошингарди Лаби Ҷар – маркази ноҳияи Сангвор, инчунин дар километрҳои 1, 4, 8 ва 22 роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ сел омад ва дар натиҷа лойю лойоба ва сангу рег роҳро баст.

Кормандони вазорати нақлиёт паёмадҳои офати табииро рафъ карданд ва шаби 21 майи соли 2024, соати 23:01 роҳҳо пурра аз селовардаҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Ёдовар мешавем, ки аз аввали моҳи май Тоҷикистон ба чанд мавҷи селу боришоти шадиду харобиовар рӯбарӯ шуд. Селҳои шадид даҳҳо хонаву роҳҳоро вайрону садҳо гектар замини киштро нобуд карданд ва чандин кӯпрукро канда бурданд. Мутаассифона, дар ин офатҳои табиӣ чанд нафар қурбон шуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар як ҷаласа ба масъулон амр дод, ки роҳу пулу иншооти дигари дар селҳои охир харобшуда ва ҳамчунин хонаҳои сокинонро барқарор кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button