ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТаърихТоҷикистон

СОЛГАРДИ ДУЮМИ ҚАТЛИ БОҚИР –ЛИДЕРИ АЗ ҲАМА САРКАШИ БАДАХШОН, КИ МАРГАШ БА ЭЪТИРОЗҲО ДАР “БОМИ ҶАҲОН” НУҚТА ГУЗОШТ

Дуруст ду  сол пеш, нимаи дуюми рӯзи 22 майи соли 2022, Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии аз ҳама пурнуфуз дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври мармуз дар маҳаллаи Бойнеи шаҳри Хоруғ кушта шуд. Тарафдоронаш мутмаинанд, ки ӯро нирӯҳои вижаи ҳукуматӣ ҳадафмандона аз байн бурданд, вале мақомот то кунун даст доштани худ дар қатли ин лидери саркашро эътироф накардаанд ва ба ин фарзия исрор меварзанд, ки гӯё Боқир дар ҷараёни як ихтилофи дохилӣ дар байни худи саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноии Бадахшон кушта шуд.

То кушта шуданаш Боқир чандин пешниҳоди ба мақомот супурдани худашу тарафдоронашро рад карда, гуфта буд, ки дар масъалаи ҳимоят аз мухторияти Бадахшон ягон қадам ақиб нахоҳад нишаст. Кушта шудани Боқир дар таърихи 22 майи соли 2022 нишон дод, ки муҳраи асосии муқовимат дар Бадахшон ӯ будааст, чунки маргаш боқӣ лидерҳо ва эътирозгарони Бадахшонро ончунон ноумеду руҳшикаста кард, ки мақомот тавонистанд ҷараёни пурра таҳти назорат даровардани шаҳри Хоруғро тезонида, дар байни ҳамагӣ чанд рӯзи дигар боқӣ лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро ба осонӣ ё дастгир кунанд, ё бидуни муқовимати ҷиддие аз байн баранд  ва бо ҳамин, ба мавҷи эътирозҳо дар ин вилояти мухтор нуқта гузоранд.

Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 22 майи соли 2022 дар як иттилоияи вижа кушта шудани Боқирро расман тасдиқ кард. Дар ин иттилоия Боқир “саркардаи гуруҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ” ном бурда шуда, гуфта мешуд, ки ӯ дар ҷараёни “муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” кушта шуд.

“Имрӯз соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич кушта шуд.Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят тафтишоти пешакӣ оғоз гардид”, гуфта мешуд дар иттилоияи расмӣ.

Мақомот бо ҳамин то имрӯз дар бораи чӣ гуна ва аз ҷониби кӣ кушта шудани Боқир ягон тафсилоти дигар надодаанд, вале  манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Хоруғ хабар дода буданд, ки Боқир, сокини он вақт 59-солаи кӯчаи ба номи Иҷубови маҳаллаи Бархоруғ, ки мақомот ӯро ташкилкунанда ва раҳбари асосии эътирозҳои ахир дар Бадахшон меномиданд, нимаи дуюми рӯзи 22 май аз тири мерганҳо (снайперҳо), ки чанд рӯз боз дар маҳаллаи Бойне хайма гузошта, камин гирифта буданд,  кушта шуд. Ба гуфтаи ин манобеъ, мерганҳо аз камингоҳи худ Боқир ва ду тан аз ёронашро замоне ҳадаф қарор доданд, ки онҳо дар дохили маҳаллаи Бархоруғ ҳаракат мекарданд. Маҳаллаи Бойне дар поёнтари Хуфак ва дар рӯбарӯи маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло),  маҳали иқомат ва пойгоҳи асосии тарафдорони Боқир ҷойгир шудааст.  Иттифоқан, ба гуфтаи сокинони Хоруғ, номи Бойне, аз вожаи русии “бойня”, яъне “қассобхона” аст.

Баъдан журналистони бадахшонӣ Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ, ки асосан ҳаводиси Бадахшонро пайгирӣ мекунанд, дар саҳифаҳояшон дар Фейсбук бо истинод ба шоҳидони айнӣ, бархе тафсилоти чӣ гуна кушта шудани Боқирро нашр карданд. Бино ба иттилои онҳо, Боқир, ки рӯзҳои ахир таҳти фишор шадид қарор дошт ва ба далели таҳти ҳадафи доими мерганҳо (снайперҳо) қарор доштанаш қариб аз хона берун намебаромад, нимаи дуюми рӯзи якшанбеи 22 майи соли 2022 азм кардааст, ки каме дар кӯчаҳо сайругашт кунад.

Рустами Ҷонӣ менависад: “22-уми май, наздик ба соати 17-00 гуфтааст, мехоҳад дар ҳавои тоза бигардад. Хона ба зиндони ӯ табдил ёфтааст. Аз ин шеваи зиндагӣ хаста шудааст. Мардум низ гирифтори вазъи ӯ ҳастанд.Ӯ ба исрору зориву таваллои ҷонибдорон, ки зидди берун омадани ӯ буданд, аҳамият намедиҳад ва мегӯяд, мехоҳад танҳо дар кӯчаҳои кӯдакиаш сайру гашт кунад, ҳич кас аз паяш наояд.

Ӯ пиёда аз хонааш, ки дар маҳаллаи Бархоруғ воқеъ аст, берун меояд ва шурӯъ ба сайри худ мекунад. Сино, аз ҳамроҳони доимиаш, махфиёна аз паяш меравад.

Чун Маҳмадбоқир ба макони Бойне мерасад, як “пикап”, ки нерӯҳои зудамали ҳукумат бо он мегарданд, якбора пайдо мешавад. Аз дохили он чаҳор сарбози сиёҳпӯш берун шуда, аз чаҳор “автомат” бидуни таъхир ва огоҳӣ сарҳангро тирборон мекунанд. Хуршед, аз сокинони ин маҳал, ин вазъро мебинад ва мехоҳад бо тани худ Маҳмадбоқирро пӯшонад. Сарбозон ӯро мепарронанд. Ин вақт Сино ҳам ба имдод мерасад, аммо муқобили сарбозони мусаллаҳ бо дасти холӣ чӣ мекард?

Қотилон ба мошин савор шуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.

Ҷасади Маҳмадбоқирро мардум баъди рафтани қотилон гирифта ба хонааш мебаранд…”

Боқир фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин буд ва баъди имзои Созишномаи сулҳи соли 1997 фармондеҳи қисми марзбонӣ дар марз бо Хитой таъйин шуда, рутбаи полковник гирифт. Вале ӯ баъди чанд соли фармондеҳӣ аз хидмати ҳарбӣ канор рафт ва солҳои охир яке аз пурнуфузтарин лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба ҳисоб мерафт. Мақомот Боқирро раҳбар ва сарпарасти асосии эътирозҳои ахир дар Хоруғ медонистанд ва чандин моҳ боз талош доштанд, ки ӯро дастгир кунанд.

Боқирро рӯзи 23 майи соли 2022 ба хок супурданд. Халифаи исмоилӣ Музаффар Давлатмировро, ки маросими дафни Боқир ва дигар лидерҳои кушташударо Бадахшонро доир карда буд, баъдан боздошт ва ба 5 соли зиндон маҳкум карданд. Раиси собиқи идораи ЖКХ шаҳри Хоруғ Тоҳир Абдолбеков, ки оши худоии Боқирро дода буд,  низ моҳи ноябри соли 2022 боздошт ва ба шашуним соли зиндон маҳкум шуд.

Моҳи майи соли 2023, дар солгарди аввали маргаш, мақомот лавҳаи ёдгориеро, ки дар он ному насаб ва санаи таваллуду санаи марги ӯ навишта шуда буд, аз сари гӯраш  канда бурданд…

Дар умум соли 2022 дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои Бадахшон беш аз 30 нафар кушта ва беш аз 200 тани дигар боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button