ЭМОМАЛӢ РАҲМОН САФАРАШ БА ОЗАРБОЙҶОНРО ҚАФО ПАРТОФТ ВА БАРОИ ВИДОЪ БО РАИСӢ БА ТЕҲРОН РАФТ (ВИДЕО)

Рӯзи 22 майи соли 2024 дар Теҳрон, пойтахти Эрон маросими видоъ бо раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ, вазири хориҷа Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ва 6 нафари дигаре, ки рӯзи 19 май бар асари суқути чархбол дар шимоли кишвар дар наздикии марз бо Озарбойҷон ба ҳалокат расиданд, доир шуд. Шабакаҳои телевизионии зиёде аз ҷараёни ин маросим пахши мустақимро ба роҳ мондаанд. Маросими видоъро раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ раҳбарӣ мекунад. Дар канори ӯ кафили раёсатҷумҳурии Эрон Муҳаммад Мухбир, сардори ситоди кулли артиш Муҳаммад Боқирӣ раиси парлумон Муҳаммадбоқир Қолибоф, фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дигар раҳбарони Ҷумҳурии исломӣ ҳузур доранд.
Барои видоъ бо Иброҳим Раисӣ як силсила раҳбарон аз кишварҳои дига, аз ҷумла сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, раҳбари гуруҳи тундрави фаластии Ҳамос Исмоли Ҳания ба Теҳрон омадаанд.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 22 май Эмомалӣ Раҳмон низ барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бино бар даргузашти фоҷеавии президенти Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрон сафар кард. Ӯро дар ин сафар аазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент н оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Хадамоти матбуоти президент пиромуни ин сафар тафсилоти дигар надод, вале журналисти тоҷик Назаралӣ Пирназаров бо такя ба манобеи худ дар Фейсбук хабар дод, ки қарор буд, Эмомалӣ Раҳмон субҳи чоршанбе, 22 май барои анҷоми сафари давлатӣ вориди Боку, пойтахти Озарбойҷон шавад, вале ӯ ба хотири иштирок дар маросим видеоъ бо раисиҷумҳури Эрон сафараш ба Озарбойҷонро ба қафо гузоштааст.
Назаралӣ Пирназаров менависад: “Ҷониби Озарбойҷон дар мавриди қафотар афтодани сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Боку хабардор карда шудааст. Инро се манбаъ дар пойтахти Озарбойҷон хабар доданд ва ду манбаъ дар Душанбе ҳам тасдиқ карданд.
Субҳи чоршанбе бо сафари давлатӣ ба Озарбойҷон рафтани Эмомалӣ Раҳмон барномарезӣ шуда буд.
Як манбаъ дар мақомоти давлатии Озарбойҷон гуфт: “Субҳи имрӯз дар Боку музокирот дар сатҳи олӣ барномарезӣ шуда буд ва дар ҷамъбасти он беш аз 10 санад бояд ба имзо мерасид”.
Манбаъҳо дар Душанбе гуфтанд, ки қафо афтодани сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон ба иштироки ӯ дар маросими мотами имрӯза дар Теҳрон дар робита ба марги фоҷиавии раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ, ки рӯзи 19 май дар натиҷаи суқути чархбол кушта шуд, робита дорад.
Ҳамсуҳбати мо бидуни овардани тафсилоти дигар афзуд, ки “ин тасмимро шахсан худи Эмомалӣ Раҳмон гирифт ва ин тасмим баъди мулоҳизаҳои тӯлонӣ гирифта шуд”.
Мақомоти расмӣ ин хабарро ҳанӯз ягон шарҳ надодаанд.
Дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар сатҳи мақомоти расмӣ, ба Иброҳим Раисӣ барои он ки баъди чандин соли танишҳо тавонист, ки равобити Эрону Тоҷикистонро нафақат дубора оддӣ гардонад, балки зимни боздидаш аз Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2023 ҳатто визаро аз байни ин ду кишвари форсизабон бардошт, арҷгузорӣ мекарданд.