ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 30 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ ХОНАИ ПИРАЗАН, ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 1,5 МЛН СОМОНӢ ВА…

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 21 майи соли 2024

Ифшо шудани дуздии 30 ҳазор сомонӣ

101

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи пиразани 71-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 17-уми майи соли 2024, тахминан соати 20:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Ваҳдат дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар қаллоб

105

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 37 ва 33-солаи сокинони шаҳри Истаравшан, 23-юми феврали соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, худро ҳамчун ронандаи автомашинаҳои боркашонии байнидавлатӣ муаррифӣ намуда, бо ваъдаи дар муддати кутоҳ ба Федератсияи Россия дастрас намудан аз номбурда 837-адад зарфҳои яклитраи истеҳсоли хориҷиро ба маблағи 1 миллиону 571 ҳазору 400 сомонӣ гирифта, онҳоро ба тасарруфи худ дароварда, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ду нафар бо ҷурми ғоратгарӣ

51

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав муроҷиат намудааст, ки 13-уми майи 2024, тахминан соати 23:00, ҳангоми дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода қарор доштанаш, ду нафар шахсони номаълум бе асос ӯро лату кӯб намуда, бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми С-21” ва 450 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 19-сола ва ноболиғи 18-солаи сокинони шаҳри шаҳри Турсунзода бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳалокати мусофир дар садамаи нақлиётӣ

130

19-уми майи соли 2024 тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Урал АТЗ”, Аҳмадов Қурбоналӣ Турсунович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб”, дар километри 66-ум, дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Ниссан Патфиндер”, таҳти идораи Сафолов Нодирҷон Аминович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Ниссан Патфиндер” Хоҷаназаров Тоҷмуҳаммад Ҳамзақулович, соли таваллудаш 1974, Ашурова Донагул Чойлобовна, соли таваллудаш 1974, сокинони ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мусофири дигари ин мошин Қаландаров Аҳмадҷон Достиевич, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оиди ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button