ДАР ДУШАНБЕ ЯК НАВРАСИ 16-СОЛА ДУ АКАЮ ДОДАРРО КОРД ЗАДААСТ
Дар Душанбе як навраси 16-сола ду бародарро бо корд захмӣ карда, ба яке аз онҳо 7 корд задааст. Дар ин бора Ёр.Тҷ бо истинод ба маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Ҳодиса шаби 19 майи соли 2024, тахминан соати 21:30 дар кӯчаи Сомон-2-и пойтахт рух додааст.
Ба иттилои ВКД, байни ноболиғи 16-сола ва яке аз бародарон нофаҳмӣ сар зада, онҳо бо ҳам муноқиша кардаанд.
“Дар натиҷаи муноқиша гумонбаршуда ба пушти яке аз ҷабрдидагон як маротиба корд задааст. Бародари дуюм мехост муноқишаро қатъ кунад, вале аз дасти ноболиғ ба қисматҳои гуногуни баданаш 7 зарбaи корд хӯрдааст”,- омадааст дар гузориш.
Дар натиҷа, ҷабрдидагон бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардида, навраси 16-сола боздошт шудааст. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.
Сабаби муноқиша маълум нест. Чандсола будани бародарони ҷабрдида гуфта нашудааст.
Кӯчаи Сомон-2, маҳалли ин ҳодиса дар канораҳои ҷанубии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ дар як маҳаллаи воқеъ дар байни бозори “Корвон” ва маҳаллаи Гипрозем, дар наздикии масҷиди Имоми Аъзам ҷойгир шудааст.
Афзоиши муноқишаҳо байни наврасону ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон бо истифода аз силоҳҳои сард дер боз нигаронии ҷиддии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба бор овардааст. Милитсияи Душанбе аз соли 2018 дар пойтахт амалиёти вижаеро бо номи шартии “Корд” ба роҳ андохта, ҳар сари чанд вақт аз боздошти даҳҳо наврас, ки бо худ корду “финка” ва дигар навъҳои силоҳи сард мегардонанд, хабар медиҳад.
Бино ба омори расмӣ, дар натиҷаи ин чораҳо ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон нисбатан рӯ ба коҳиш овардааст, вале боз ҳам ҳар сари чанд вақт аз Душанбе дар бораи муноқишаҳои навбатии хунин байни наврасону ҷавонон хабарҳо ба даст мерасанд.
Мутаассифона, ҳолатҳое низ зиёданд, ки ин муноқишаҳо бо марги наврасон меанҷоманд.
Тавре ба назар мерасад, сериали русии “Қавли бачаҳои кӯча” (“Слово пацана”) боиси дигарбора авҷ гирифтани чунин муноқишаҳо дар байни наврасон ва аз нав “мӯд” шудани бо худ гардондани корду дигар навъҳои силоҳи сард шудааст.