ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ТИБҚИ ПРИНСИПИ “МУОМИЛА БА МИСЛ”: ТОҶИКИСТОН НИЗ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ТУРКИЯ ВИЗА ҶОРӢ КАРД

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 апрели соли 2024 хабар дод, ки ҷониби Тоҷикистон низ барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия низоми раводид ҷорӣ мекунад.

Дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки бо истинод ба эзоҳи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 “бо мақсади татбиқи принсипи муомила ба мисл”, шуруъ аз 20 апрели соли 2024 низоми раводидӣ нисбат ба дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии Туркия татбиқ мегардад.

Дар вазорат ҳамчунин тавзеҳ доданд, ки шаҳрвандони Туркия метавонанд раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз сафорат ва консулгариҳои ин кишвар дар хориҷа дастрас намоянд.

Нархи визаи маъмулии Тоҷикистон 25 доллар ва барои гуруҳи иборат на аз кам аз 5 нафар 12,5 доллар аст.

Ин иқдоми Душанбе бар асоси “принсипи муомила ба мисл” дар посух ба фармони президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз 6 апрел аст, ки низоми бидуни раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кард. Сафорати Туркия дар Тоҷикистон баъдан тавзеҳ дод, ки ин фармон аз 20 апрел ба иҷро медарояд ва аз он ба баъд талабгорони сафари Туркия бояд аз қабл ба консулгариҳои ин кишвар барои гирифтани раводиди сафар муроҷиат кунанд.

Бино ба иттилоияи сафорат, нархи визаи яккаратаи сафар ба Туркия 60 доллар ва визаи бисёркаратаи корӣ ё тиҷоратӣ 190 доллар муқаррар карда шудааст. Онҳое, ки тавассути фурудгоҳҳои Туркияба сурати транзит парвоз мекунанд, ба визаи Туркия зарурат надоранд, вале ба 2 шарт: 1) агар фурудгоҳро тарк накунанд ва 2) фосилаи байни парвозҳо на бештар аз 24 соат бошад. Бино ба тавзеҳи сафорат, талабгорони визаи Туркия барои гирифтани визаи сайёҳӣ бояд камаш 14 ҳуҷҷат омода кунанд. Барои гирифтани визаи чандинкаратаи корию тиҷоратӣ бошад камаш 19 ҳуҷҷат лозим будааст.

Ҳарчанд сафорати Туркия изҳори умед кард, ки ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон аз ҷониби Анкара метавонад иқдоме муваққат бошад, вале бовар меравад, ки ҷорӣ шудани виза ва талаби дастикам 14 ҳуҷҷат барои гирифтани визаи оддӣ метавонад шумори талабгорони сафару саёҳат ба Туркияро дар миёни сокинони Тоҷикистон башиддат ва бамаротиб камтар кунад.

Ин иқдоми Туркия ҳамин тавр, метавонад болои нархи маҳсулоти воридотӣ аз Туркия дар бозорҳои Тоҷикистон низ таъсир гузорад, чунки таҳияи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани виза ва нархи худи визаи Туркия ба хароҷоти тоҷироне, ки аз Туркия мол меоранд, меафзояд ва табиист, ки онҳо ин хароҷоти изофиро болои нархи фурӯши молҳои аз Туркия овардаашон зам мекунанд.

Дар бораи сабаби чунин қарори ҳукумати Туркия низ то кунун шарҳе нашр нашудааст. Вале тасмими Туркия дар мавриди бекор кардани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи силсилаи ҳамлаҳои террористии аз номи созмони террористии ДОИШ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар Туркия, бо иштироки зодагони Тоҷикистон суратгирифта эълон шуд.

Аз ҷумла барои ҳамлаи мусаллаҳонаи моҳи январи соли 2024 ба калисои католикӣ дар шаҳри Истанбул, ки боиси ҳалокати як шаҳрванди Туркия шуд, ду нафар дастгир шуданд, ки якеаш аз Русия ва дуюмаг зодаи Тоҷикистон Амирҷон Холиқов буд.

Алакай дар пайи ин ҳамла тафтиши мусофирон аз Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Истанбул шадид карда буданд. Мусофирони тоҷик шикоят мекарданд, ки онҳоро бидуни чиптаи бозгашт ба Туркия роҳ намедиҳанд ва ҳатто агар чиптаи бозгашт дар даст дошта бошанд, бояд дар марз нишон бидиҳанд ва собит кунанд, ки барои муддати зиндагиашон дар Туркия бо худ маблағи кофӣ доранд.

Ҳамин тавр,  дастикам ду нафар аз омилони ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки онҳо ҳам аз Тоҷикистонанд, дар аввали соли ҷорӣ ба Туркия сафар карда буданд. Гумон меравад, ки онҳоро барои машқ додан ба пойгоҳҳои махфии гуруҳҳои террористӣ бурдаанд.

Ахиран дар асоси баёноти додаи Фаридуни Шамсиддин, ки ӯро саркардаи ҳамлагарон мешуморанд, дар Туркия 51 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир карданд. Ҳамин тавр, шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ва шарики 41-солаи ӯ аз Қирғизистон бо номи Зулфия С. бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Туркия дастгир шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button