ТАФСИЛОТИ МАРГИ ФОҶИАВИИ РАҲБАРИ ШИФОХОНАИ ШАҲРИ БОХТАР ФАРҲОД ИСОЗОДА
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон бархе тафсилоти марги фоҷиавии Фарҳод Исозода, раҳбари муассисаи “Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ” (КАТС)-и шаҳри Бохтар бар асари садама дар роҳи Бохтар – Душанберо нашр кард.
Бино ба иттилои ВКД, нимаи дуюми рӯзи 30-юми марти соли 2024, тахминан соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи “Хундай-Саната”, Исозода Фарҳод Чилахон, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро ба чуқурии канори рости чаппа кардааст. Дар натиҷа, ронанда Исозода Ф.Ч. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса оварда нашудааст. ВКД гуфт, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Қаблан дар бораи марги Фарҳод Исозода дар садама дӯстону ҳамкорони ӯ ва ҳамчунин маркази матбуоти вазорати тандурустӣ бо нашри номаҳои таслият хабар доданд. Гуфта мешуд, ки Фарҳод Исозодаро дар зодгоҳаш, ноҳияи Фархор ба хок супурдаанд.
Фарҳод Исозода аз хонаводаи пурнуфузи Исоевҳо аз ноҳияи Фархор буда, падараш солҳои тӯлонӣ дар Фархор раиси колхоз буд. Як бародари ӯ Аҳлиддин Исозода дар вазорати корҳои хориҷӣ кор мекунад ва бародари дигараш Баҳодур Исозода муовини раиси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аст. 7 сол ҳукми зиндони журналист Далери Имомалиро дар поёни соли 2022 Баҳодур Исозода содир карда буд.
Муассисаҳои “Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ” (КАТС) дар сохтори вазорати тандурустӣ ин ҳамон поликлиникаҳои собиқанд.
Фарҳод Исозода солҳои зиёде раҳбарии КАТС-и шаҳри Бохтарро дар даст дошт ва ин муассиса соли 2021 таҳти раҳбарии ӯ беҳтарин муасссисаи тиббии вилояти Хатлон дониста шуда буд.
Бино ба хабари дигари ВКД, рӯзи 1-уми апрели соли 2024, тахминан соати 15:10, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Ишонзода Парвиз Мирзошариф, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба самти ноҳияи Ҳамадонӣ, дар роҳи калони мошингарди ҷамоати деҳоти Қаҳрамон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро ба канали обгузар чаппа намудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Ишонзода П.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса низ таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.