АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

БО “КУМАК“-И АҲМАД ФАЙЗУЛЛОХОНЗОДА КАНАЛИ ҶАЛБИ ТОҶИКҲО БА САФФИ ДОИШ-ХУРОСОНРО ЁФТАНД

Аҳмад Файзуллохонзода ном шаҳрванди Тоҷикистонро баъди ҳамагӣ ду моҳи будубошаз Русия ихроҷ мекунанд. Расман барои дар маҳалли сабти номи расмиаш зиндагӣ накардан, вале дар асл барои инки ӯ низ узви гуруҳ ё канале дар шабакаи Телеграм будааст, ки 4 муттаҳами асосӣ ба ҳамлаи хунини ахир дар канори Маскав низ узви ин канали мавсум ба “Садои Хуросон” будаанд. Бовар меравад, ки ҳамлагаронро маҳз тавассути ин канали марбут ба қаноти тоҷикии созмони террористии ДОИШ-Хуросон ба ин созмон ҷалб ва ба анҷоми ҳамлаи террористӣ моил кардаанд.

 Даря Лебедева, раҳбари хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 27 марти соли 2024 дар Телеграм-каналаш “Лебединное озеро” хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Приморский шаҳрванди Тоҷикистон Аҳмад Файзуллохонзодаро барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират бар асоси қисми сеюми моддаи 18.8 Кодекси қонуншиканҳои маъмурии Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 5 ҳазор рубл ҷарима баст ва ҳукми ихроҷашро баровард. То замони ихроҷаш Файзуллохонзодаро дар боздоштгоҳи муҳоҷирон нигоҳ хоҳанд дошт.

Даря Лебедева хабар дод, ки Аҳмад Файзуллохонзода тоза 19 январи соли 2024 ба Русия омада, патент барои кор гирифт ва дар тангкӯчаи Фуражний сабти ном кард, вале ӯ на дар маҳалли сабти номаш, балки дар хобгоҳи воқеъ дар кӯчаи 5-я Советская зиндагӣ мекард. Тибқи қонунҳои муҳоҷирати Русия, муҳоҷир бояд дар маҳалли сабти номаш зиндагӣ кунад. “Вале, албатта, сабаби таваҷҷуҳи ҳамкорони ман ҷои зист набуд. Файзуллохонзода дар Телеграм узви гуруҳе буд, ки аз тариқи он эмиссарҳои созмони террористии ДОИШ одамонро барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия ҷалб мекарданд. Нафароне, ки 22 марти соли 2024 дар “Крокус Сити Ҳолл” ҳамлаи террористӣ анҷом доданд, низ дар ҳамин гуруҳи интернетӣ ҷалб шуда буданд”, – хабар додааст Даря Лебедева.

Зоҳиран тафтиши парвандаи Аҳмад Файзуллохонзода ба ошкор шудани канали ҷалби омилони ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл” овардааст.

Як манбаи огоҳ рӯзи 27 ба хабаргузории русии РИА Новости хабар дод, ки омилони ин ҳамларо тавассути Telegram-канали “Садир Хуросон”, ки ба қаноти тоҷикии бахши афғонистонии ДОИШ, маъруф ба “Вилояти Хуросон” тааллуқ дошт, ба ин кор ҷалб кардаанд. Ба таъкиди ин манбаъ, канали “Садои Хуросон” сирф барои ҷалби зодагони Тоҷикистон фаъолият мекард.

Ҳамсуҳбати РИА Новости гуфт: Қазияи як нафари мушаххас баррасӣ мешуд. Дар онҷо як санади навиштаи ҳамкорони мо ба чашм хӯрд, ки дар он гуфта мешуд, ки ин нафар узви Telegram-канале буд, ки дар он одамонро барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ҷалб мекунанд.  Бар илова, дар рафти чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки омилони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” низ аз тариқи ҳамин канал ҷалб карда шудаанд. <…>  Ин Telegram-канал “Садои Хуросон” ном дорад”.

Манбаъи РИА Новости гуфтааст, ҳоло ба сабаби барои ӯ номаълум ин Telegram-канал, ки аз Афғонистон аз ҷониби қаноти тоҷикии ДОИШ- Хуросон идора мешуд,  аз байн бурда шудааст. Хабарнигорони РИА Новости низ ин масъаларо пайгирӣ ва муайян кардаанд, ки канали “Садои Хуросон” на дар Тоҷикистон ва на дар Русия дигар боз намешавад. Аммо дар Аврупо, тавре идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” муайян кард, боти канали “Садои Хуросон” ҳанӯз фаъол буда, бо нашри видеоҳои фаровон мардумро ҳамчунон ба забони тоҷикӣ барои “ҳиҷрат ба сарзамини Хуросон” даъват карда истодаанд.

Шоми 22 март 4 нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск ҳамла оварда, издиҳомро қабл аз оғози консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” тирборон карданд ва гулӯи бархеро низ буриданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии ДОИШ ба дӯш гирифт. Алакай як рӯз баъд ФСБ аз боздошти 11 нафар, аз ҷумла 4 ҳамлагар хабар дод. То имрӯз исми 8 нафари онҳо маълум шудааст. Мутаассифона, 7 нафари онҳо, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ зодагони Тоҷикистонанд.

Ин 4 муттаҳами асосӣ Фаридуни Шамсиддин, соли таваллудаш 1998., Саидакрам Раҷабализода, соли таваллудаш 1994, Далерҷон Мирзоев, соли таваллудаш 1991, ва Муҳаммадсобир Файзов, соли таваллудаш 2005 мебошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button