ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ДАР ДУШАНБЕ ЯК ҶАВОНЗАН ШАВҲАРАШРО БО ЯК ЗАРБАИ КОРД КУШТААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як муноқишаи хунини оилавӣ, ки мутаассифона, бо куштор анҷомид, хабар дод.  Ба фарқ аз дафъаҳои қаблӣ, ки асосан занон қурбони шавҳарони бадҷаҳлашон мешуданд, ин дафъа зан шавҳарашро бо як зарбаи корд ба қафаси синааш куштааст.

Бино ба итттилои ВКД, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. Бар асоси фарзияи мақомот, гумонбаршаванда, шаби 22 ба 23-юми марти соли 2024, тахминан соати 02:00 дар хонаи истиқоматиашон бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, шавҳари 38-солаашро 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синааш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари ин ҳодисаи фоҷиавӣ дастрас нест. Маълум нест, ки оё чӣ боиси муноқишаи маргбор байни зану шавҳар шудааст ва оё чӣ занро ба сухан ё рафтори шавҳар занро водор кардааст, ки ба даст корд бигирад ва ба қафаси синаи шавҳараш бизанад? Ва он ҳам дар моҳи шарифи Рамазон.

ВКД гуфт, оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад. Ба ҷавонзан барои одамкушӣ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале маъмулан додгоҳҳо ҳангоми судури ҳукмашон дар ҳолати ҳаяҷон қарор доштани афроди муттаҳам ба одамкуширо низ ба ҳисоб мегиранд.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё сӯиқасд ба куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Дар бештари мавридҳо шавҳарон ва асосан дар заминаи рашк  қасди ҷони ҳамсарони худ мекунанд. Аммо мавридҳои қасди ҷони шавҳар кардани занон дар Тоҷикистон ҳодисаи хеле нодир аст. Ҷомиашиносон афзоиши муноқишаҳои маргбори оилавиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button