КАМАШ ТО 18 МАРТ: ҲУШДОР АЗ ХАТАРИ ТАРМАҲОИ НАВ ДАР КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 15 марти соли 2024 бо нашри як ҳушдор бо такя ба маълумоти ҳавошиносон, сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро хабардор кард, ки дастикам то 18 марти соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи марказ, роҳи Душанбе – Хуҷанд ва ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фурӯ рехтани тармаҳо баланд боқӣ мемонад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, субҳи 14 март, тахминан соати 08:54 дар километрҳои 79,3 ва 81-ум и роҳи Душанбе-Хуҷанд дар даромадгоҳи нақби “Истиқлол” дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд ду тармаи азим фаромада, боиси муваққатан қатъ шудани ҳаракати нақлиёт ба ҳарду самт шуд.
Ба ҷои ҳодиса се техникаи махсуси ширкати IRS фиристода шуданд. Рафъи оқибатҳои тарма то бегоҳ тӯл кашид ва соати 17:20 ба равуои нақлиёт иҷозат дода шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳушдораш гуфт, ба далели боришот, ҳамчунин обшавии барфҳо, хатари фурӯ рехтани тармаҳо ва сангрез дар роҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Душанбе – Рашт -Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ –Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб баланд боқӣ мемонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон хостааст, ки пеш аз ба сафар баромадан дар бораи вазъи роҳҳо маълумоти муфассал ба даст оварда, мошинҳои худро бо таҷҳизоти лозим тахмин кунанд, қоидаҳои ҳаракатро риоя карда, ҳангоми убур аз минтақаҳои тармахез фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Аз ҳама ҳамчунин хоста шудааст, ки дар сурати дучор шудан ба ҳолатҳои фавқулодда ба ин рақамҳо ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар бидиҳанд:
112 ваё (+992) 93 880 28 19.
Тармаву ярчу сангрез аз офатҳои хатарноки табиӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон ба шумор мераванд. Соли 2023 дар Тоҷикистон 335 ҳолати рехтани тарма ва 48 мавриди ярчу сангрез сабт шудааст. Дар чандин ҳолат ин офатҳо боиси марги инсонҳо шудаанд.
Аз аввали соли ҷорӣ низ дар бораи фурӯ рехтани даҳҳо тарма, асосан дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон, ва ҳамчунин дар ноҳияҳои Рӯшону Ишкошим хабарҳо ба даст расидаанд.