ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР СОАТИ ДУИ ШАБ ДАР ГИПРОЗЕМ ВА ҚАЛЛОБӢ БО 40 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 28 феврали соли 2024

Боздошти нафарони қаблан суд шуда

155

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Данғара, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуздӣ суд шудаст, ва ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки ӯ ҳам пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.

Гумонбаршавандагон нимашаби 26-уми феврали соли 2024, тахминан соати 02:00 ҳангоми дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе қарор доштанашон бе ягон асос бо ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Ҳисор ҷангу ҷанҷол карда, бо тариқи маҷбурӣ аз ҷайбаш 1200 сомонӣ пули нақдро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Қаллобӣ дар ҳаҷми маблағи калон

23

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки санаи 4-уми феврали соли 2024, ҳангоми дар назди собиқ бозори «Султони Кабир», қарор доштанаш марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 40 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button