ДАР ШАҲРИ БОХТАР 4 МАНСАБДОРРО БАРОИ ИФЛОСИИ КӮЧАҲО ПРОТОКОЛ КАРДААНД (6 АКС)
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 27 феврали соли 2024 хабар дод, ки милитсияи экологиву сайёҳӣ дар шаҳри Бохтар 4 тан аз масъулон, аз ҷумла 2 раиси маҳалла, як мудири мактаб ва як корманди корхонави “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, ё ба истилоҳи маъруфтар ЖКХ-ро барои тоза накардани партовгоҳҳо ва дар ҳолати ифлосӣ қарор доштани муҳити зист протокол кардааст.
Милитсияи Хатлон мегӯяд, ҳифзи муҳити зист, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳалла, табиат ва сарватҳои бебаҳои он вазифаи ҳар як шахси соҳибватан аст, вале мутаассифона, “баъзе аз масъулини сохторҳои марбутаи давлатӣ ва худи шаҳрвандон дар ин самт бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир намуда, дар бартарафнамоии омилҳои харобиовари муҳити зист саҳлангорӣ ва канораҷӯӣ менамоянд”.
Ахиран дар доираи як чорабинии мақсаднок, яъне рейди шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Бохтар якчанд манзараҳои ҳузнангез, ҳолатҳои ғайриқонунӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда партофтани партовҳо ва саривақт тоза накардани партовгоҳҳо аз ҷониби масъулони корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар ошкор ва муайян карда шуд.
Дар натиҷа нисбати масъулон ва раисони якчанд маҳаллаҳои шаҳри Бохтар, ки дар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта шахсони масъул ба ҳисоб рафта, бепарвоӣ зоҳир кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла нисбати:
– сармутахассиси Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар Тағаймуродов Алишер;
– раиси маҳаллаи Борбади шаҳри Бохтар Тағоев Боймурод;
– раиси маҳаллаи Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар Шомаҳмадова Марҳамат;
– директори МТМУ № 10 шаҳри Бохтар Худойназарова Хуршеда.
Дар аксҳои нашркардаи милитсияи вилояти Хатлон дар паҳлуи мактаби №10 ва дар маҳалллаҳои Борбад ва Кайҳоннавардон ғарамҳои бузурги партов дида мешаванд, ки касе дар фикри тоза карданашон нест.
Милитсия гуфт, ҳадаф аз доир намудани чорабиниҳои мақсаднок ҳифзи муҳити зист, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.
Милитсияи Хатлон ҳамчунин аз аҳли ҷомеа даъват кардааст, ки “ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки омили асосияшон мавҷуд будани партовҳоаст, инчунин татбиқи раванди ободониву созандагӣ, маданияти шаҳрдорӣ ва тозаву зебо нигоҳ доштани муҳити зист дар канор набошанд” ва “дар ободу зебогардонии муҳити атроф ва тарғиби маданияти шаҳрнишинӣ ва тарзи ҳаёти солим саҳмгузор бошанд”.
Муҷозоти масъулон барои ифлос кардани муҳити зист дар Тоҷикистон ҳодисаи хеле нодир аст.