БОЗДОШТИ “ШЕРИ МАЙДОНҒАРИБ”, КИ САРУ РӮИ ПИСАРИ АПААШРО ЗАДА, ХУНШОР КАРД

Ахиран дар расонаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар пасманзари он зане лату кӯби фарзандашро бо шикоят ва холати ногувор ба намоиш гузоштааст ва ин навор вокунишҳои зиёдро ба бор овард.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 28 феврали соли 2024 хабар дод, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои махсус аз ҷониби кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин ҳолат шаҳрванд Шарифов Муҳаммад Диловаршоевич, соли таваллудаш 2004, сокини ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Арбобхотун, муайян ва боздошт карда шуд.
Худи Муҳаммад Шарифов ва дигар аъзои оилаи онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсия гуфт, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки бо сабаби ҷой доштани муноқишаҳои оилавӣ дар тӯли як соли охир дар ин оила, , шоми рӯзи 26-уми феврали соли 2024, тахминан соати 18:00, шаҳрванд Шарифов М.Д. ҳангоми ба амал омадани муноқишаи навбатӣ бо апааш Саёҳати Диловаршо, соли таваллудаш 19.08.1994 дар сари қаҳру ғазаб фарзанди ноболиғи ӯ Раҳмонов С., соли таваллудаш 2010-ро мавриди лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа ноболиғ Раҳмонов С., ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст”.
Тафсилоти дигари моҷарои оилавӣ ва назари тарафҳои муноқиша дастрас нест. Нашри сабти видеоии ин моҷарои оилавиро ба далели дар он вуҷуд доштани саҳнаҳои хушунатомез салоҳ надонистем. Аммо дар як акси нашркардаи ВКД як писарчаи хурдсол бо дасту рӯи хуншор дида мешавад.
ВКД гуфт, санҷиш аз рӯи ҳолати мазкур идома дорад.

