ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК НАВРАС АЗ ХОНАИ СОКИНИ ДУШАНБЕ ДУ ТЕЛЕФОНИ “АЙФОН 15” ВА “САМСУНГ”-РО ДУЗДИДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 27 феврали соли 2024 аз ошкор шудани боз як ҳолати даст ба дуздӣ задани ноболиғ хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми феврали соли 2024, тахминан соати 11:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо як адад телефони мобилии “Айфон-15” ва як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Ҳисор, содир намудааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва чӣ гуна ба хонаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ даромадани дузди наврас маълум нест. ВКД гуфт, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Дуздӣ ҷинояти аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 21 ҳазору 319 ҷинояти соли 2023 дар ин ҷумҳурӣ сабтшуда, 4241 ҷинояташ, яъне ҳар ҷинояти панҷум дуздӣ будааст. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5240 дуздӣ сабт шуда буд, ки қариб чоряки ҷамъи ҷиноятҳои солро ташкил медод.

Аммо омори расмӣ ҳамаи дуздиҳои дар кишвар содиршударо дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон муроҷиат ба мақомотро бесамар дониста, ё худашон мустақилона дар пайи ҷустуҷӯи дузд мешаванд ваё ба Худо ҳаволааш мекунанд.

Моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо барои дуздӣ вобаста ба ҳолатҳои чунин ҷиноят ва оқибатҳояш аз 2 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале барои ноболиғон ҷазои ҷиноятҳои содиркардаашон дар муқоиса ба ҷинояткорони калонсол нисбатан сабуктар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button